Рақиби навбатии Ислом Махачев маълум шуд
01.09.2025
Oila.tj
266

Рақиби навбатии размикори рус, қаҳрамони собиқи UFC дар вазни сабук Ислом Махачев маълум шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии UFC, ин варзишгари рус муҳорибаи қаҳрамониро дар вазни ниммиёна бо размикори австралиягӣ Ҷек Делла Маддалена мегузаронад.

Муҳорибаи Махачев ва Делла Маддалена 16-уми ноябри соли 2025 дар доираи шоми ҳунарҳои размии омехтаи UFC 322 дар Ню-Йорк (ИМА) баргузор мешавад.

Қаблан Ислом Махачев ихтиёран камарбанди қаҳрамонии UFC-ро дар вазни сабук гузошта, тасмим гирифт, ки ба категорияи дигари вазн гузарад. Охирин муҳорибаи Махачев моҳи январи соли 2025 баргузор шуда буд, ки дар доираи дифоъ аз унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук, варзишгари рус бар размкори бразилиягӣ Ренато Мойкано бо усули латдиҳии даст пирӯзӣ ба даст овард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Рақиби навбатии Ислом Махачев маълум шуд
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси