Варзишгари тоҷик Муин Ғафуров мусобиқаи UFC 311 бо Риня Накамураи ҷопонӣ рақобат хоҳад кард. Дар ин бора расман инсайдери MMA Марсел Дорфф хабар додааст. Тибқи иттилои ӯ, муҳорибаи ду варзишгар дар Арабистони Саудӣ 18-уми январи соли 2025 баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июн Муин Ғафуров дар мусобиқаи UFC дар Ар-Риёз варзишгари кореягӣ Кюнг Ҳо Кангро шикаст дода буд. Рекорди феълии ӯ дар муҳорибаҳои омехта ҳоло 19 ғалаба ва 6 бохт аст. Дар UFC Ғафуров ҳамагӣ се қувваозмоӣ кардааст.
Бояд гуфт, ки Ғафуров чанд бор талоши роҳёбӣ ба UFC кард ва ниҳоят дар моҳи июни соли ҷорӣ ӯ бо созмон шартнома ба даст оварда, дар мусобиқа дар Лас Вегас иштирок кард. Аммо дар он ҷо аз Ҷон Кастанедаи амрикоӣ мағлуб шуд.
Муин Ғафуров фаъолияти касбии худро соли 2013 оғоз кардааст. Дар тӯли 10 сол ӯ 23 зӯрозмоӣ гузаронидааст. Қаблан, соли 2013 ӯ дар 19-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбои размӣ дар вазни 62 кг дар шаҳри Маскав ғолиб омада буд.