Санаи 22-юми апрели соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграмм" наворе нашр гардид, ки гуфта мешуд як гурӯҳ наврасон-хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ байни ҳамдигар муноқиша доранд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо мақсади муайян намудани ҳодисаи мазкур, кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, ҷиҳати муайян ва дастгир намудани вайронкунандагони тартибот як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шудааст.
Дар натиҷа муайян гардидааст, ки муноқишаи мазкур дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино аз ҷониби хонандагони литсейи хусусии «Эҳсон» содир гардидааст.
- Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки хонандагони синфҳои 9-А ва 9-В литсейи хусусии «Эҳсон» чандест байни ҳамдигар нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ доштаанд. Ахиран бо мақсади ҳал намудани нофаҳмиҳои ҷойдошта дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино ҷамъ омада, байни ҳамдигар “ҷанги тан ба тан” ташкил карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни 12 нафар наврасон тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон бо хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд,- меафзояд манбаъ.