Рафоати Ҷамшед, сароянда ва блогердухтари тоҷик, ки шумораи обуначиёнаш дар инстаграмм ба 262 ҳазор нафар мерасад дар саҳифаи расмиаш дар инстаграм эълон дошт, ки филми нави тарбиявиро ба навор гирифта истода аст.
Сароянда дар барномаи “Чеҳраи Ошно”-и ютуб канали Tojikon Group иброз кардааст, ки барои ҳамкорӣ бо ӯ одамон ба пушти дараш меоянд ва ҳеҷ касро барои ҳамкорӣ “зора” намекунад.
Рафоат ин суханҳоро ҳамчун киноя дар ҷавоби суханони Дӯстмурод Шарипов гуфтааст, зеро вақтҳои охир муносибати ин ду ҳунарманд на он қадар хуб аст.
Ёдовар мешавем, ки Дон Жуан (Дӯстмурод Шарипов)Рафоатро “беадаб” номид ва Рафоати Ҷамшед дар ҷавоб ӯро номард ва “дугона” хонда буд.
Филме, ки дар боло зикр кардем, пас аз ду ҳафтаи эълон то ҳол ягон хабаре дар борааш нашр нашудааст. Дӯстмурод Шарипов низ дар ҳамкорӣ бо Илҳомҷон Шодиев филми наверо бо номи “Занкалонҳои қишлоқ” ба навор гирифта истодааст ва аллакай аз рафти банаворгирӣ якчанд навор дар каналҳои ютубӣ ва инстаграми ҳунармандон нашр шудааст.