Овозхони ҷавон Рафоати Ҷамшед ва раққоса Суман Қамбарова бо нашри наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои рафтори ношоистаи худ аз мардуми тоҷик узр пурсиданд.
Ин ду ҳунарманд дар муроҷиати видеоии худ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои аз роҳи бад баргардондани онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда додаанд, ки минбаъд ба либоси миллӣ ва ахлоқу арзишҳои миллӣ арҷу эҳтиром гузошта, дигар ба рафторҳои ноҷое, ки ба номи духтари тоҷик иснод меоранд, даст намезананд.
Рафоати Ҷамшед, ки пештар ба қавле танҳо тибқи “мӯд” либос мепӯшид, ин навбат дар танаш як либоси оддии тоҷикона дорад ва дар навор эътироф мекунад, ки дар ҳақиқат солҳои пеш бо сабаби ҷавон ва хом буданаш дар баъзе видеоҳо гапҳои ноҷо зад, баъзан ҳатто дашномҳои қабеҳро ба забон овардааст.
Овозхон мегӯяд, ин видеоҳоро аз номи вай дар Интернет нашр кардаанд ва ӯ барои ин аз мардум узр пурсида, ваъда медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба номи духтари тоҷик доғ намеорад ва танҳо бо либоси миллии тоҷикӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Раққоса Суман Қамбарова бошад, дар нашри видеоҳои рақсҳои берун аз ҳадди одобаш овозхон Равшан Аннаевро гунаҳкор карда мегӯяд, вай дар саҳифаи худаш ҳеҷ гоҳ чунин видеоҳоро намегузошт. Суман ҳам ваъда додааст, ки аз ин ба баъд рафтор ва сару либосашро ба низом дароварда, бо либоси миллии тоҷикӣ ба саҳна мебарояд ва дигар ба номи духтари тоҷик доғ намеорад, вале то куҷо ин ду бонуи ба ном ҳунарманд ба қавли худ меистанд, инро танҳо вақт нишон медиҳад.