15 июни соли равон бо сабаби баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ вилояти Хатлон, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омадани сели хусусияти маҳаллӣ дошта аз эҳтимол дур нест.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа, рӯзона 35+40 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27, рӯзона 34+39 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 24+26 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.