arzon replenishment
Раднома гардонам?
1285

 

Домуллои муҳтарам. Мегуфтед, ки оё бо худ доштани “раднома” дуруст аст ё кароҳият дорад аз нигоҳи дини мубини ислом?

Муҳаммад Шодиев, н. Рашт

Посухи намояндаи Раёсати Фатвои ҶТ 

Аз нигоҳи шариат бо худ доштани раднома ҷоиз мебошад, ба шарти он ки калимоти дар инҳо навишташуда аз оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои шаръӣ иборат бошанд ва маънояшон возеҳ ва фаҳмо бошанд, илова бар ин, дар онҳо калимоти ширкӣ мавҷуд набошад. Қобили зикр аст, ки раднома ва тўмор барои он касоне аст, ки оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои набавиро ба сабаби нодонӣ, пиронсолӣ ва ё хурдсолӣ хонда наметавонанд. Аммо касоне, ки ин дуоҳоро хонда метавонанд, барои ҳифз аз зарарҳои шайтон бояд худашон ин дуоҳоро субҳу шом хонда, ба баданашон бидаманд. (“Мишкотул-масобиҳ”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД