Имрӯз, 11-уми марти соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер вохӯрӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои КҲФ, дар рафти вохурӣ масъалаҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташкили давраҳои омӯзишӣ аз ҷониби Сафорати ИМА дар мавзуҳои баландкӯҳҳо, алоқа, кумаки ёрии аввалия, омадани сел, тармафароӣ, обхезӣ ва сангреза, ташкили забономӯзӣ, баимзорасонии санадҳои дуҷониба, бозомузӣ ва омода намудани наҷотдиҳандагони Кумита ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии Кумита баррасӣ карда шуданд.
- Инчунин зикр гардид, ки ҷонибҳо барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ҷиҳати рушди самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ тамоми қувва ва воситаҳои худро истифода бурда, барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои мутақобила чораҳои зарурӣ меандешанд,- меафзояд манбаъ.