goodwell
Раҷаб Ҳусейнов - ҳунарманде, ки ба қадраш нарасидем
16.08.2026
О. НОЗИР
42

15 август ба зодрӯзи ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик Раҷаб Ҳусейнов 85 сол пур шуд. Ӯ аз ҷумлаи ҳунармандоне буд, ки беш аз ним аср умри худро ба саҳна ва синамо бахшида, дар театри тоҷик, синамои миллӣ ва филмҳои хориҷӣ образҳои гуногуну мондагор офарид. Вале афсӯс, ки мо ба қадри ин ҳунарманди номвар нарасидем...  

Кӯдаки замони ҷанг

Раҷаб Ҳусейнов (Раҷабалӣ Мамедович Ҳусейнов) 15 августи соли 1941 дар шаҳри Сталинобод, Душанбеи имрӯза, ба дунё омадааст. Давраи кӯдакиву наврасии ӯ ба солҳои душвори баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон рост омад. Душанбеи замони ҷанг ва баъди ҷангӣ хусусиятҳои хоси худро дошт. Шаҳри сермиллат буд он рӯзгорон Душанбеи мо. Театрҳо, киностудияҳо, гуруҳҳои ҳунарӣ ва эҷодкорон аз манотиқи ҷангзадаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Душанбе омада буданд. Яъне бо вуҷуди ҷанг муҳити Душанбе, фазои эҷодӣ дошт. Ин муҳит наметавонист ба Раҷаб Ҳусейнов бетаъсир бошад.

Раҷаб Ҳусейнов роҳи ҳунарро тасодуфан интихоб накард. Майли ӯ ба саҳна ва образофарӣ боис шуд, ки барои гирифтани маълумоти касбӣ ба яке аз мактабҳои маъруфи театрии минтақа - Донишкадаи театрию бадеии ба номи А. Н. Островскийи шаҳри Тошканд дохил шавад.

Ӯ соли 1964 факултети актёрии ин донишкадаро хатм кард. Таҳсил дар муҳити театрии Тошканд, шиносоӣ бо мактаби классикии актёрӣ ва омӯзиши драматургияи ҷаҳонӣ барои ташаккули ҳунарии Раҷаб Ҳусейнов заминаи ҷиддӣ гузошт. Ҳамон солҳои ҷавонӣ ӯ қадамҳои нахустини худро дар синамо низ гузошт.

Сӣ сол дар Театри Лоҳутӣ

Марҳилаи асосӣ ва муҳимтарини фаъолияти ҳунарии Раҷаб Ҳусейнов ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ иртибот дорад. Ӯ аз соли 1965 ба ҳайати эҷодии ин театр пайваст ва зиёда аз се даҳсола - то соли 1998 дар саҳнаи он фаъолият кард.

Он солҳо Театри Лоҳутӣ яке аз марказҳои асосии фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Дар саҳнаи он беҳтарин асарҳои драматургияи тоҷик, рус ва ҷаҳон ба намоиш гузошта мешуданд ва ҳунармандони бузурги кишвар дар он фаъолият доштанд. 

Раҷаб Ҳусейнов дар ҳамин муҳит ҳамчун актёри дорои имконоти васеи эҷодӣ шинохта шуд.

Доираи нақшҳои иҷрокардаи ӯ васеъ буданд. Дар як намоиш ҷавони пурэҳсосу романтикро мебозид, дар асари дигар образи шахси пуртазод, фоҷиавӣ ё ҳатто мазҳакавиро меофарид. Аз ҷумла, ӯ дар «Ҳамлет»-и Уилям Шекспир нақши Лаэртро иҷро кардааст. Лаэрт аз персонажҳои душвори фоҷиаи Шекспир аст, ҷавоне, ки миёни муҳаббат ба падару хоҳар, интиқом, хашм ва пушаймонӣ қарор мегирад.

Раҷаб Ҳусейнов ҳамчунин дар «Дод аз дасти ақл»-и Александр Грибоедов образи Чатскийро офаридааст. Чатский яке аз нақшҳои мураккаби драматургияи классикии рус ба шумор меравад ва иҷрои он аз актёр ҳам маҳорати суханварӣ, ҳам неруи саҳнавӣ ва ҳам қобилияти нишон додани зиддияти ботинии қаҳрамонро талаб мекунад.

Дар «Роҳзанон»-и Фридрих Шиллер ӯ нақши Герман, дар «Кабала святош»-и Михаил Булгаков нақши Лагранж, дар «Шаби гирифтани моҳ»-и Мустай Карим образи Оқийгит ва дар асарҳои драматургияи тоҷик низ чандин нақши хотирмон офаридааст. Аз ҷумла дар намоиши «Сарбозони инқилоб»-и Ғанӣ Абдулло дар нақши Саид рӯйи саҳна баромадааст. Дар намоиши «Рустам ва Суҳроб» низ нақш офаридааст.

Дар Театри Маяковский

Соли 1998 дар ҳаёти эҷодии ҳунарманд Раҷаб Ҳусейнов марҳилаи нав оғоз гардид. Ӯ фаъолияти худро дар Театри давлатии русии драмавии ба номи Владимир Маяковскийи Душанбе пайваст. Дар ин театр низ Раҷаб Ҳусейнов ба образҳои аз ҷиҳати фалсафӣ ва психологӣ мураккаб рӯ оварад. Аз ҷумла, номи ӯ бо намоиши «Макбет»-и Эжен Ионеско, «Калигула»-и Албер Камю ва асарҳои Молйер иртибот мегирад. Яке аз нақшҳои ҷолиби индавраинаи ӯ Суқрот дар «Шаби охирини Суқрот»-и драматурги булғорӣ Стефан Санев буд. Образи Суқрот аз актёр на ҳаракати зиёди саҳнавӣ, балки пеш аз ҳама андеша, нутқи қавӣ, оромии ботинӣ ва тавоноии бо калом нигоҳ доштани диққати тамошобинро талаб мекунад. Ҳунарманд Раҷаб Ҳусейнов бо маҳорати баланд аз уҳдаи иҷрои ин нақш низ баромад. Дар умум, дар саҳнаи ду театр -  Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии русии драмавии ба номи Владимир Маяковский Раҷаб Ҳусейнов наздик ба 70 нақши хурду буҳургро иҷро кардааст.

Синамо — бахши дигари зиндагии ҳунарманд

Синамо қисми ҷудонопазири фаъолияти Раҷаб Ҳусейнов буд.

Яке аз нақшҳои нахустини ӯ дар пардаи синамо Давлат дар филми «Қиссаи зиндони Павиак» буд. Баъдан ӯ дар филмҳои зиёди истеҳсоли «Тоҷикфилм», «Тоҷиктелефилм» ва студияҳои кишварҳои дигар нақш офарид. Дар филми «Сирри гузаргоҳи фаромӯшшуда» образи Шодмон, дар «Тулӯъ дар болои Ганг» нақши Бҳаттачария ва дар «Ҳафт домоди дуздидашуда» образи Саидбек Рустамовро бо маҳорати баланд иҷро кард. 

Номи Раҷаб Ҳусейнов ҳамчунин дар филмҳои «Тӯфон дар биёбон», «Муҳосира», «Молики об», «Ҷинояткор ва адвакатҳо», «Контакт», «Туҳфа» ва сериали телевизионии «Джура – шикорчӣ аз Мин-Архар» зикр мешавад.

Ӯ дар чанд филми телевизионӣ низ иштирок кардааст.

Раҷаб Ҳусейнов аз зумраи ҳунармандоне буд, ки дар филмҳои зиёди берун аз Тоҷикистон низ нақшофарӣ кардааст.

Яке аз корҳои шоистаи ӯ филми афғонистонии «Себи биҳишт» («An Apple from Paradise») аст. Филмро коргардони афғон Ҳумоюн Муруват ба навор гирифтааст. Дар маркази воқеа падаре қарор дорад, ки ба ҷустуҷӯи писари худ меравад. Ин сафар тадриҷан ба рӯбарӯшавии қаҳрамон бо масъалаҳои вазнини ҷомеа, ифротгароӣ, ҷанг, эътиқод ва сарнавишти инсон табдил меёбад. Раҷаб Ҳусейнов дар ин филм нақши асосӣ яъне падарро иҷро кард. Қаҳрамони ӯ бештар бо нигоҳ, сукут, дарди пинҳонӣ ва муносибат ба ҳодисаҳо нақш меофарад. Ин филм дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ муаррифӣ шуд ва дар Ҷашнвораи байналмилалии «Дидор» дар Душанбе низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҳунари Раҷаб Ҳусейнов барои иҷрои нақши асосии мардона аз ҷониби ҳайати ҳакамон махсус қадрдонӣ шуд.

Барои бисёре аз тамошобинони берун аз Тоҷикистон чеҳраи Раҷаб Ҳусейновро баъди филми «Тихая застава» шинохтанд. Филм ба рӯйдодҳои хунини сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар солҳои 1990 бахшида шудааст. Раҷаб Ҳусейнов дар он нақши пирамард Зокирро иҷро кард.

Зокир образи сокини одии маҳаллӣ аст. Маҳз ҳамин одӣ будани қаҳрамон барои актёр вазифаи осон набуд. Дар чунин образҳо ҳар гуна сохтакорӣ зуд эҳсос мешавад. Тамошобин бояд дар чеҳраи персонаж зиндагии воқеӣ, хастагӣ, тарс, умед ва таҷрибаи инсонеро бинад, ки солҳои душворро аз сар гузарондааст.

Ӯ дар филми маъруфи Бахтиёр Худойназаров «В ожидании моря» низ ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳамкорӣ бо Худойназаров худ як саҳифаи қобили таваҷҷуҳ аст. Ин коргардони маъруфи тоҷик бо забони хоси синамоӣ ва офаридани муҳити пуррамзу фалсафӣ шинохта мешуд.  

Солҳои баъдӣ Раҷаб Ҳусейнов дар чанд филм ва сериали Русия низ нақш гирифт.

Раҷаб Ҳусейнов то солҳои охири умр дар лоиҳаҳои гуногуни синамоӣ иштирок мекард. Аз ҷумла, ӯ дар сериали «Золотая Орда» ва филми «Братство»-и коргардони рус Павел Лунгин иштирок кард. «Братство» соли 2019 ба экран баромад.  

Дар умум Раҷаб Ҳусейнов дар 80 лоиҳаи синамоӣ нақшҳои хурду бузург офаридааст. 

Зиндагӣ дар саҳна

Ҳамкорону дӯстонаш аз бораи Раҷаб Ҳусейнов ҳамеша ба некӣ ёд мекунанд. Мегӯянд, ки ӯ на танҳо ҳунарманди бузург, балки инсони самимӣ, заминӣ ва меҳрубон буд.  Ҳунармандони ҷавоне, ки бо Раҷаб Ҳусейнов дар саҳна ё майдони наворбардорӣ кор кардаанд, аз маслиҳат ва дастгирии ӯ ҳамеша ёд мекунанд. бале чунин инсон буд Раҷаб Ҳусейнов. Барои ӯ ҳунар, яъна саҳнаи театр ва майдони сабти синамо зиндагӣ буд, зиндагии воқеӣ.

Раҷаб Ҳусейнов 26 марти соли 2022 дар синни 80-солагӣ аз ҷаҳон гузашт. Он замон ҷаҳон ҳанӯз бо пандемияи КОВИД дастбагиребон буд. Бинобар ин, интиқоли ҷанозаи ӯ ба Ватан имкон надошт. Ҳамин аст, ки ҳунарманди бузурги тоҷикро дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Маскав ба хок супориданд...

О. НОЗИР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД