Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Оқил Оқиловро бо рўзи мавлудаш табрик намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, Раҷаб Аҳмадзода зимни ироаи номаи табрикотӣ ба Оқил Оқилов ба ӯ тани сиҳату хотири ҷамъ, саодату сарбаландӣ ва умри дароз орзу кардааст.
- Ёдовар мешавем, ки Оқил Оқилов дар тўли умри бобаракат ва фаъолияти гуногунҷабҳаи ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Ватани маҳбубамон нақши муассир гузоштааст. Мавсуф солҳои тўлонӣ дар вазифаҳои пурмасъулияти вазири сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми раиси вилояти Суғд, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Хизматҳои содиқонаи Оқил Оқилов аз тарафи давлату Ҳукумат бо орденҳои «Исмоили Сомонӣ» (дараҷаи 1), “Нишони фахрӣ”, “Барои меҳнати шоён”, унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, мукофоти давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ҷоизаи байналмилалии “Сократ” ва чандин медалу ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шудаанд,- меафзояд манбаъ.