Oila Navruz
ПУТИН: САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ БОЯД РУШД ЁБАД
1460

Президенти Федератсияи Русия, Владимир Путин дар нишасти матбуотӣ ба суоли рӯзноманигорон дар бораи кушодашавии марзҳо посух гуфт

Владимир Путин гуфт, кушода шудан ё нашудани марзҳо аз сатҳи бемории COVID - 19 дар кишвар вобастагӣ дорад.

"Ҳар вақте, ки духтурон иҷоза диҳанд, ҳамон замон марзҳо боз мешаванд", - гуфт Впрезиденти Русия.
Ба гуфти Путин, айни ҳол сатҳи беморӣ дар кишвар бисёр баланд аст ва имкон нест, ки марзҳо боз шавад.

Русия муҳлати будубоши муваққатии муҳоҷиронро то тобистон тамдид кард
Путин то ҳол худро аз вируси корона эм накардааст

Ӯ ҳамчунин соҳаи ҳавонавардиро аз осебпазиртарин соҳаҳо дар замони ҳамагирӣ хонду, ба мардуми Русия тавсия дод, ик сайёҳии дохилиро рушд диҳанд ва ба давлату ҳукумат кумак кунанд.

Ёдрас мешавем, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз нишасти матбуотии солонаашро дар шакли онлайн баргузор мекунад.

Солҳои пеш Владимир Путин, чандин соат ба суолҳои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ, дар Кохи Кремлин посух медод.

Имсол ба сабаби пандемияи вируси корона шакли баргузории нишасти матбуотӣ тағйир ёфт ва ба таври онлайнӣ сурат мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД