formula feb 2025
Путин назарашро дар бораи муҳоҷират ба Русия дар соли 2025 баён кард
829

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия дар ҷаласаи солонаи Вазорати корҳои дохилӣ изҳор доштааст, ки бояд консепсияи нави сиёсати муҳоҷиратӣ ҳарчи зудтар қабул карда шавад.

Сарвари давлати рус мехоҳад ин ҳуҷҷат ҳамин сол тасдиқ гашта, раванди муҳоҷират ба пуррагӣ ба танзим дароварда шавад. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.

Владимир Путин Вазорати корҳои дохилии Русияро вазифадор кардааст, ки тамоми роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳои марбут ба муҳоҷиратро пешгирӣ намояд.

“Истифодаи кортҳои муҳоҷират дар шакли коғазӣ бояд қатъ шавад”,- гуфтааст президенти Русия ва таъкид намудааст, ки бояд раванди муҳоҷират ба таври рақамӣ сурат гирифта, тамоми маълумотҳои зарурӣ дар бораи ҳар як муҳоҷир дар базаи ягона мавҷуд бошанд.

Аммо ин маънои онро надорад, ки Путин минбаъд муҳоҷиронро ба кишвараш роҳ намедиҳад. Русия бо сарварии Путин муҳоҷирони соҳибкасберо ҷалб намуданист, ки дар пешравии иқтисодии кишвар саҳм гузошта метавонанд.

Президенти Русия дар ин ҷаласа дар бораи пурзӯр намудани мубориза бо ифротгароӣ, ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва таблиғоти хатарнок дар фазои рақамӣ низ ибрози назар карда, ба кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД