arzon replenishment
Пушаймонии бесуд ҚИСМИ-1
17.10.2021
ДИЛОШӮБ
3328

Анис ин субҳ ҳам сари гӯри ҳамсари сиёҳпичааш рафт, ба ниҳолаки арчаи сари гӯр об доду санги сари гӯрро тоза карда, гӯё бо одами зинда сӯҳбат мекарда бошад, гуфт:

-Осуда бихоб азизам, ду соли дароз сарат болинро надида буд, саратони сӯзони сина ҷонатро мисли ақраб меканду мехӯрд. Барои ману фарзандонат ташвиш накаш, онҳоро хуб нигоҳ мекунам, рашк ҳам накун, то худат розӣнашавӣ, зан намегирам. Ба хобам даромада гуфтӣ, ки зан гир, мегирам, вагарна….

Анис дар дилаш пушаймоние дошт, ки сахт азобаш медод…

                               Ҷуфти зебо

Анис аз Сапеда даҳ сол калон буд, аз зани аввалааш фарзанддор нашуду бори дуввум издивоҷ кард. Ӯ дар бозори калони ноҳия чанд мағозаи либосворӣдошту модари Сапеда мизоҷи доимияш буд. Духтар ба нигоҳҳои гарми ӯ бо табассум ҷавоб доду Анис ба хонаи онҳо хостгор фиристод. Як моҳи даводаву ташвишҳо пушти сар шуд, оқибат Сапеда модарашро маҷбур кард, ки ризояти худро ба издивоҷи ӯву Анис диҳад ва холаи Садаф ноилоҷ розӣшуд. Ин зан, ки фарзандонашро танҳо ба воя расинида буду онҳо ҳама сари вазифа буданд, ҳаргиз намехост духтари кенҷаи нозанинашро ба марди зандида диҳад. Аммо Сапеда худаш ба Анис дил бохта буду ду пояшро ба як мӯза тиқонда, модарашро розӣкард. Анис тӯйи бошукӯҳе ороста, ҳамсари ҷавону нозанинашро на ба хонаи падару модараш, балки ба ҳавлии дуошёнаи зебояш фаровард. Ҷуфти зебое буданд ва мардум ба онҳо бо ҳаваси зиёд менигаристанд. Холаи Садафу фарзандонаш аввал розӣнабуданд, вале баъдҳо аз Аниси дидадарову дилёб ва дилкушод розӣбуданду дӯсташ медоштанд. Анис ба пайвандони занаш муносибатҳои хубе дошт.

                               Бахти баланд

Сапеда на танҳо зебову дилоро буд, аз панҷ панҷаи зебояш ҳунар мерехт. Хусураш аз олам гузашта буду қадри хушдоманашро зиёд медонист, ҳар субҳ баъди ба кор гусел кардани ҳамсараш ягон субҳонаи болаззат пухта, ба хонаи хушдоманаш, ки дар наздикӣвоқеъ буд, мерафт. Дар кору бори хонаи падарии шавҳараш дар баробари зани ҳевараш, ки он ҷо зиндагӣмекард, саҳм дошт, аз ин ҷост, ки хушдоманаш зиёд дӯсташ медошт. Шояд дуоҳои хушдоманаш ба даргоҳи Худо мустаҷоб гаштанд, ки баъди шаш моҳи тӯяшон дар батнаш кӯдак пайдо шуд ва баъди гузаштани муҳлати ҳамл духтараки зебое ба дунё овард. Аз ин бахти баланд сари Анис ба осмон расиду меҳраш ба ҳамсари зебояш дучанд гашт. Ҳамин тавр пайи ҳам Сапеда чор фарзанд ба дунё овард, ду писару ду духтар. Зиндагии ширине доштанд ин ҷуфти зебо, тиҷорати Анис низ рушд карду ӯ чанд мағозаи дигар ҳам кушод. Сапеда бошад, ба тарбияи фарзандону ташвиши хонаи сермеҳмонаш овора буд. Холаи Садаф шукрона мекард, ки чор духтару чор писараш ҳама зиндагии тинҷу осудае доранд. Аммо беҳуда нагуфтаанд, ки фалокат аз таги по мехезад…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД