Ман як гунаҳкори ба доми авбошон афтодаам. Модарам баъди аз падарам ҷудо шудан маро ба шаҳри Екатеринбурги Русия овард. Ҳафт соли умри мо дар ин шаҳр гузашт. Модарам мураббияи боғчаи кӯдакона буд ва ба қавли кампиракон ҳама ёфту тофташро танҳо ба ман сарф мекард.
Дар литсейи академии ба номи Максим Горкий таҳсил мекардам, чизе мехостам, ҳамон замон модарам бароям муҳайё менамуд. Он вақтҳо дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки рӯзе мани нозпарвард модарамро ба дарду ғам гирифтор менамоям, вале…
Намедонам тақдиру насибам аз азал чунин будааст ё сабукфикрии худам боис гашт, ки ба доми авбошон афтидам. Маро бо онҳо рафиқи наздикам Павел шинос кард. Ақлу ҳушамро бо ҳар гуна доруҳои зараррасон дуздида, маро ба доми худ кашиданд. Дигар ман Тимури пешина набудам. Зангҳои пай дар пайи модарамро дар экрани телефон дида қасдан ҷавоб намедодам. Номи модарамро аз дафтари дилам хат зада саргарми кайфу сафои худ будам. Ба хона рафтан он тараф истад, ҳатто ба дарс намерафтам. Рӯзҳоро бо дуздиву авбошӣ бегоҳ карда, бо пули ҳароми ба даст овардаамон шаб то саҳар дар дискотекаҳо айшу ишрат менамудем.
Сардори гурӯҳамон як рӯз дар наздамон вазифа гузошт, ки то бегоҳ ҳар кадомамон бояд 500$-ӣ «кор карда» ба кисааш андозем. Охир ба дасти малахак гуфтагӣ барин, вақти дуздӣ ба даст афтидем. Модарам бо гуноҳи авбошӣ ба чанг афтидани писари бо гули чиз калонкардаашро шунида, тоқати бардоштани бори бадномии маро накарда ба Ватан баргашт. Дар мулки бегона танҳову зор монда чунон азобу хориҳое кашидам, ки саг ҳам намекашад.
Хулоса, баъди озод шудан ба модарам мактуб навиштам, вале ҷавоб надод. Рақамҳояшро ёфта занг задам ва зорӣ кардам, ки аз гуноҳам гузарад, дар ҷавоб «писари ман кайҳо мурд» гуфту телефонро хомӯш кард. Розшунаве надорам, ягона касе, ки маро зери қаноташ гирифта метавонад, модарам аст, вале ӯ маро ҳатто шунидан намехоҳад.
Умеди охиринам ҳамин сомонаи "Оила" аст, бо сад умед ин номаро навиштам, то дарди дили мани сарсону саргардонро ба гӯши модарам бирасонед. Модарҷон, хоки поят шавам, гуноҳамро бубахш! Мардонавор ваъда медиҳам, ки дигар ин хатои тақдирсӯзро такрор намекунам!
Тимур, аз Екатеринбург