Андешаҳо дар боби закот зиёданд. Мегуфтед, ки закотро дар шакли маблағи пулӣ ба ниёзмандон супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру камбағал додан савоби бештар дорад?
Хайриддини хайркунанда
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ,
Сардори Раёсати фатвои Ҷт
Бародари азиз, пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, вале шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар аст. Ба маҳсулот ниёз дшта бошад, метавонед ба ҳамон маблағ маҳсулот харида баред.