Arzon march 2024
Пули қошчин ҳаром аст?
19.04.2022
Оила
1431

Салом! Ман як зани 32 сола аз шаҳри Душанбе мехоҳам ба саволе, ки бароям бениҳоят муҳим аст, ҷавоб бигирам. Аслан ман зани таҳсилкарда ва соҳиби маълумоти олӣ-муҳандис-инженер ҳастам, вале азбаски касбам мардона аст, шавҳарам ба кор кардан иҷозат надод.

Аз касе пӯшида нест, ки зиндагӣ дар ин айём хеле душвор аст ва ман ҳам ба хотири кӯмак ба падари фарзандонам дар назди як машшота шогирд истода, ҳунари қошчиниро омӯхтам. Муддати ду сол шуд, ки дар як кошонаи ҳусн қошҷин ҳастам. Даромадам бад нест, вале баъзеҳо мегӯянд, ки пули аз қошчинӣ ба даст меомада ҳалол нест. Аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат намудам, то ба саволам посух бигирам.
З. М, ш. Душанбе

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Хоҳари азиз, аз назари дини мубини ислом чидани қош, яъне аврувон раво нест. Ҷидани қошро ислом ба он хотир иҷозат намедиҳад, ки тағйири ҳусн мешавад. Зане, ки абрувонашро мечинад, аз неъмати додаи парвардигор ношукрӣ мекунад. Албатта занон бо майлу ихтиёри худашон ба кошонаи ҳусн қошчинӣ мераванд, вале шумо, ки ин амалро анҷом медиҳед, бевосита ба гуноҳи онҳо шарик мешавед. Беҳтар аст, ки ягон ҳунари дигар, масалан пазандагиро омӯзед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД