arzon replenishment
Пули мебелро гирифта, мардумро фиреб медод...
352

Кормандони шуъбаи милитсия дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як сокини 31-солаи пойтахтро бо гумони қаллобӣ боздошт намудаанд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, боздоштшуда Холов худро ҳамчун устои мебелсоз муаррифӣ намуда, аз мизоҷон барои сохтани пулҳои гуногун маблағи калон мегирифтааст, вале ба ваъдаи додааш вафо намекардааст. Номбурда аз сокини 39-солаи шаҳри Душанбе С. Талбаков барои сохтани мебел 16 ҳазор сомонӣ пешпардохт гирифта, ваъда додааст, ки барояш мебели ошхона месозад, вале аз байн 4 моҳ гузашта бошад ҳам, ҳанӯз аз мебел дарак нест.

Айни замон нисбати Холов барои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шахсони дигаре, ки ба ин мард бовар карда, барои сохтани мебел пул додаанд, вале соҳиби мебели нав нагаштаанд, хоҳиш мекунад, ки ба рақамҳои (+992) 018-02-02-02 занг зананд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД