Дар доираи “Рӯзи дарҳои боз” имрӯз дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва дигар шахсони эҳтиёҷманде, ки кори муносиб меҷӯянд, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гашт.
Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ созмон дода шуда, корхонаву муассисаҳои гуногуни кишварамон ҷойҳои кории холиро бо музди арзанда ва шароитҳои хуби меҳнатӣ ба корҷӯён пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла Нерӯгоҳи барқию обии “Роғун” имрӯз ниёз ба шумораи зиёди кормандон дошта, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта имкон доранд, ки дар ин корхонаи бузург дар вазифаҳои гуногун кор карда, даромади хуб ба даст биёранд.
Музди меҳнат дар нерӯгоҳи “Роғун” аз 2000 то 4000 сомониро ташкил дода, кормандон бо сару либоси корӣ, хобгоҳ ва се вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.
Корхонаи овозадори “Гулистони Душанбе” низ ба коргар ниёз дорад. Бонувоне, ки ба тозагӣ аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд ва дигар занону духтароне, ки ҳунару маҳорати дӯзандагӣ доранд, метавонанд барои пайдо кардани ҷойи кори хуб бо музди меҳнати арзанда ва шароитҳои хуби корӣ ба ин ширкат муроҷиат намоянд. Корхонаи мазкур дар маркази шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21 ҷойгир буда, барои гирифтани маълумоти иловӣ ба рақамҳои зерин занг задан мумкин аст: +992 (37) 227-56-83.
Корхонаи тозабунёди “Arvis" низ имкон дорад муттахассисони соҳаи ресандагию бофандагиро бо ҷойи кор ва музди арзандаи меҳнат таъмин намояд. Дар ин корхона шароитҳои хуби меҳнатӣ фароҳам оварда шудаанд ва муҳандисони “КИПиА”, муҳандисони “ОВИК”, ҳамчунин челонгарони барқию газӣ, конструкторҳо, операторони мошинҳои бофандагию ресандагӣ, дӯзандаю бофандагон, технологҳо ва дигар муттахассисони ин соҳа метавонанд барои дарёфти ҷойи кор бо шароитҳои хуби меҳнатӣ ба “Arvis» муроҷиат намоянд ва ё ба рақамҳои 44 610-55-77 ва 98-912-36-32 занг зананд. Корхона дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 8, дар наздикии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №51 ҷойгир шудааст.
Шахсоне, ки новобаста ба авзоъи сиёсӣ ва қурби пул дар Русия ба ин кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаниянд, барои пайдо кардани кори муносиб дар қаламрави Федератсияи Россия метавонанд ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷаи кишвар ва ё “Маркази сершуғли муҳоҷират” муроҷиат намоянд, ки аз ҷониби ҳукумати Россия дар Тоҷикистон созмон дода шудааст.
Ногуфта намонад, ки “Маркази сершуғли муҳоҷират” ҷойҳои холии кориро дар пойтахти Россия-шаҳри Москва ва Вилояти Москва барои челонгарон ва дӯзандагону ресандагони тоҷикистонӣ пешниҳод намудааст.
Музди миёнаи меҳнати челонгарон 66000 ҳазор рубли русӣ ва музди дӯзандагону ресандагон 60000 рублро ташкил медиҳад. Чиптаи ҳавопаймо ва маблағи патентро корфармоён пардохт намуда, коргарон бо манзили зист таъмин карда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар ин бора метавонед ба “Маркази сершуғли муҳоҷират” муроҷиат намоед, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 129 ҷойгир шудааст. Телефонҳо барои тамос: +992-433-77-55-55 ва +992-987-22-50-50.
Ба ғайр аз ин, боз чандин корхонаву ташкилотҳо имрӯз ба коргарони софдилу меҳнатқарин ниёз доранд. Шахсоне, ки мехоҳанд аз аҳли оила ва ҳамсару фарзандонашон дур нашуда, дар Ватан бо шуғли хуб ва сердаромаде машғул шаванд, барои пайдо намудани кори муносиб ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва идораҳои дигари зертобеъи ин ниҳод муроҷиат карда метавонанд.
Ёдрас мешавем, ки Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 106 воқеъ гашта, ҳамзамон дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ бахшҳои доимоамалкунандаи худро дорад.