Arzon march 2024
Пули давлатро бо фиреб хӯрдан гуноҳ аст?
17.11.2024
ОИЛА.ТҶ
388

Ман дар як фурӯшгоҳи қисмҳои эҳтиётии автомобил кор мекунам. Чанд ташкилоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз мо бор мехаранд. Вақте ки мо барои муштарӣ фактура менависем, бисёр вақт аз мо хоҳиш мекунанд, ки дар фактура маблағи бештар нишон диҳем, то онҳо низ каме даромад дошта бошанд. Як фоизи муайян низ ба мо маблағ медиҳанд. Оё ин гуноҳ аст?

ЭРКИН, ш. Душанбе

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Бародари азиз, дар ин коре ки шумо мекунед, фиребу дурӯғ ва хиёнат вуҷуд дорад, бинобар ин, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест. Бар шумо ҳаром аст, ки ба ӯ фактураеро бидиҳед, ки аз арзиши харидааш бештар ва аз маблағи пардохткардааш зиёдтар бошад, то бар асоси он фактура аз давлат ё ягон ниҳоди дигар пул бигирад. Ин фиребу дурӯғ ва хиёнат аст ва (ин амал) ҷоиз намебошад. Фиреби давлат ҳам гуноҳ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД