arzon replenishment
Пул ва зиндагӣ (ҚИСМИ 6)
1909

Сабо аз хобаш тарсида бедор шуд. Хоб дид, ки бобояш падарашро кашола карда даруни боғи ҳавлиашон мебарад. Ба соат нигарист: ақрабаки соат 3:40-ро нишон медод.

Ба гӯшии падараш занг зад. Аз он тараф модараш бо овози гирён гуфт, ки падарат ҳангоми дарахти токро буридан якбора пояш тоб хӯрду аз зинапоя фитод. Ҳоло дар беморхона аст.

Ӯ гӯширо гузошту зуд ба шавҳараш занг зад. Аммо телефони шавҳараш хомӯш буд. Пайи ҳам занг задан гирифт. Намехост, ки бе иҷозати шавҳараш ба хабаргирии падараш биравад. Ногаҳон аз шавҳараш чунин паёмак омад: “Чӣ мехоҳӣ дар ин нимашабӣ? Мемонӣ занамро оғӯш карда хоб кунам?”.

Аммо ин паёмакро Париваш аз номи Мурод навишта буд.

Сабо навишт: “Мардак, падарам вазнин дар беморхона, илтимос биёед якҷоя равем”.

Париваш ин паёмакро хондан замон шавҳарашро бедор кард. Чунки медонист, агар шавҳараш фаҳмад, ки ӯ чунин кор кардааст, ӯро мекушад.

Мурод зуд расида омаду онҳо якҷоя ба хабаргирии падараш рафтанд. Дар мошин ногаҳон шавҳараш мусиқиеро баланд гузошту ҳарду бо диққат гӯш карданд.

Кадом сарояндае месуруд:

Бе гуфтугӯ ба кулбаи ман ошно биё,

Бегона нестӣ, ки бигӯям биё-биё.

Дар зиндагӣ наёмади боре ба пурсишам,

Мурдам, кунун ба фотиҳа баҳри дуо биё.

Ҳарду ашки чашмонашонро пок карда, дасти якдигарро аввалин бор бо меҳр фишурданд.

Падари Сабо баъди ду рӯз бо сабаби шикастани гардану қисми чапи сар вафот кард. Сабо ба ғам олуда, аз шавҳараш хоҳиш кард, ки духтаронашро биёрад аз шаҳр. Онҳо таҳти нигоҳубини парастор буданд.

Мурод як ҳафта дар хонаи хусураш дар хизмат буд. Бори аввал ба ҳамсараш бо муҳаббат назар карду дар чеҳраи зоҳиру ботини ӯ як меҳри беохиреро нисбаташ эҳсос кард. Аммо сир бой надод.

Маъракаи худоии падарро гузарониданду Сабо бо духтаронаш ба шаҳр баргашт.

Шавҳараш баъди се соли тамоман аз ҳам ботинан дур будан нахустин бор шаб истоду гуфт:

- Занак, мехоҳам нисбатат шавҳари ҳақиқӣ бошам.

Аммо ҳамин дам Париваш занг зад:

- Мардак, куҷоӣ? Агар дар хонаи ҳамон аҷузаат шаб хоб кунӣ, худи ҳозир як нома менависаму бо тамоми фарзандон худро аз ошёнаи 4-ум мепартоям. Фаҳмидӣ? Худи ҳозир хона биё!

Мурод, ки хислати якравии ӯро медонист, бахшиш пурсиду роҳи хонаро пеш гирифт.

Боз Сабо ноумед монд бо орзуҳои армониаш.

Шавҳараш як ҳафта наомад хабаргириашон. Гуфт, ки дар сафари хидматӣ аст, аммо бо дасти ронандааш доимо пул мефиристод. Аммо Мурод дар сафари хидматӣ набуд. Париваш қасами сахт хӯрду ӯ ҳаросид, ки агар ба назди Сабо биравад, Париваш худу кӯдаконро ба ягон фоҷеа гирифтор месозад.

Сабо бо дӯхтани куртаҳои зебо худро андармон карда, кӯшиш мекард, ки ба ин чизҳо аҳамият надиҳад.

Зиндагӣ якмаром идома дошт. Мурод ба хона ба хабаргириашон омаду гуфт, ки ҳамакаса тайёр шаветон, ба консерти як ҳофизи номдор меравем. Сабо аз хурсандӣ мисли гул мешукуфт. Либоси зеботаринашро ба бар кард, ба гӯшҳояш гӯшвора андохту рӯймолашро баст. Мард ин дам бори аввал зебоии бе мислу монанди ҳамсарашро назора карда, лаззат мебурд. Аз дил гузаронид: “Сабо ин қадар хушрӯ будааст, ман нав дидам”.

Онҳо якҷоя ба тамошои консерт рафтанд. Боз Париваш занг зада, дод мегуфт:

- Канӣ видеовизов кун, куҷоӣ!? Бо ҳамон аҷузаӣ?

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД