Омӯхтани Қуръон ба дигарон албатта кори хайру савоб аст, вале донистан мехостам, ки оё пул гирифтан барои таълим додани Қуръон дуруст аст?
Пайрав, н. Шаҳринав.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бале, музд гирифтан барои таълими Қуръон бино бар саҳеҳтарини ду дидгоҳи донишмандон бо назардошти умуми сухани паёмбар (с) ҷоиз аст, ки ӯ мефармояд: «Шоистатарин чизе, ки дар муқобили он музд гирифтаед, китоби Аллоҳ аст». (Ривояти Бухорӣ)