Commerc banl
“ПСЖ” дастаи “Челси”-ро мағлуб кард
13.03.2026
Oila.tj
74

Дар бозии аввали даври ҳаштякниҳоии Лигаи чемпионҳо дастаҳои “Пари Сен-Жермен” ва “Челси” ба ҳам омаданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Парк де Пренс”-и шаҳри Париж баргузор гардида, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 5:2 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, довари асосии дидор Алехандро Эрнандес аз Испания буд. Ҳисобро дар дақиқаи 10-уми бозӣ ҳамлагари “ПСЖ” Брэдли Баркола кушод. Дар дақиқаи 28-ум ҳимоятгари “Челси” Мало Гюсто ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 40-ум ҳамлагари “ПСЖ” Усмон Дембеле дубора мизбононро ба пеш баровард. Ҷолиб он аст, ки ҳамла аз паси сейви дарвозабони даста Матвей Сафонов оғоз гардид.

Дар нимаи дуюми бозӣ нимҳимоятгари “Челси” Энсо Фернандес дар дақиқаи 58-ум ҳисобро боз баробар кард. Бо вуҷуди ин, футболбозони “ПСЖ” ташаббусро ба даст гирифта, се голи дигар заданд. Дар дақиқаи 74-ум Витиня гол зад. Сипас, дар дақиқаи 86-ум вингери гурҷии даста Хвича Кваратсхелия ба самар расид ва дар дақиқаи 90+4-ум дублро ба номаш сабт намуд.

Ҳамин тавр, "ПСЖ" қасди бохти финали Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳоро аз "Челси" гирифт. Моҳи июли соли 2025 дар варзишгоҳи "Метлайф"-и Ист-Ратерфорди Амрико дастаи "Челси" бо ҳисоби 3 бар 0 "ПСЖ"-ро мағлуб карда буд.

Бозии ҷавобии ин дастаҳо рӯзи 17-уми март баргузор мешавад. Дидор дар варзишгоҳи “Стэмфорд Бриҷ”-и шаҳри Лондон доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи плей-офф “Пари Сен-Жермен” аз рӯи натиҷаи умумии ду бозӣ “Монако”-ро бо ҳисоби 5:4 мағлуб карда буд. “Челси” дар марҳилаи умумии мусобиқа 16 имтиёз ба даст оварда, зинаи шашумро ишғол намуд. Қобили зикр аст, ки “ПСЖ” қаҳрамони амалкунандаи Лигаи чемпионҳо маҳсуб мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД