Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварда, Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон озод ва Воҳидзода Ҳабибулло Сайдуллоро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд.
Мавсуф соли 1965 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, соли 2024 рутбаи генерал-лейтенанти адлияро гирифтааст. Воҳидзода дар вазифаҳои гуногун кор карда, солҳои 2015-2020 Прокурори вилояти Суғд, солҳои 2020-2024 Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз моҳи январи соли 2024 дар вазифаи муовини Прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.