Прокурори генералии Русия Игор Краснов имрӯз ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Ҳадафи сафари ин мақомдори Прокуратураи генералии Русия баррасии масъалаи муқовимат бо коррупсия мебошад.
Прокурори генералии Русия Игор Краснов дар ҷаласаи IX-И Шӯрои байнидавлатӣ оид ба муқовимат бо коррупсия иштирок хоҳад кард.
Дар доираи ин сафар Игор Краснов бо роҳбарияти Тоҷикистон мулоқот намуда, бо Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонад.