Президенти Украина Владимир Зеленский гуфтааст, ки тайёр аст ба хотири анҷоми ҷанг ва барқарор гаштани сулҳ дар кишвараш аз мақомаш истеъфо диҳад.
Зеленский яке аз роҳҳои расидан ба сулҳро дар пазируфтани Украина ба созмони низомии НАТО медонад, вале ҷониби Русия изҳор доштаанд, ки пайвастани Украинаро ба НАТО ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надоранд.
Пас аз мулоқоти Амрико ва Русия дар Арабистони Саудӣ фишори сиёсӣ аз ҷониби Вашингтон алайҳи президенти Украина Владимир Зеленсикй афзуда истодааст. Дар остонаи сесолагии ҳамлаи Русия ба Украина Зеленский ба суоли рӯзноманигорон посух дода, гуфтааст: "Агар дар Укарина сулҳ шавад ва агар ба шумо зарур аст, ки ман истеъфо диҳам, ман омодаам… Омодаам инро бо НАТО иваз кунам".
Ёдрас мешавем, ки Доналд Трамп аз ин пеш Владимир Зеленскийро "диктатори интихобнашуда" номида, гуфта буд, ки дар Украина бояд маъракаи интихоботӣ баргузор шавад.