Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин моҳи октябри соли равон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Ҳукумати Русия ба қарор дар бораи нақшаи корӣ дар нимсолаи дуюми соли 2025 сафари Путинро ба Тоҷикистон ворид намудааст. Тибқи ин нақша дар доираи сафари президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ду чорабинии муҳими сиёсӣ - Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ва Саммити пешвоёни кишварҳои Осиёи Миёна баргузор хоҳад гашт.
Ёдрас мешавем, ки бори охир президенти Русия Владимир Путин соли 2022 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд ва дар доираи сафар масъалаи дурнамои комплекси ҳамкориҳои стратегии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифанд.