Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 табрик намуданд.
Сарвари давлат ба ҳар як хонадони Тоҷикистон саломатӣ, хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва ба кишвар пешрафту ободии бештар орзу карданд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардум рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардидааст.
Ба гуфтаи Роҳбари давлат, нақшаҳои муҳими давлатӣ, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии миллӣ амалӣ шуданд, дар соли 2025 ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд ва Тоҷикистон ба ҳадафҳои гузошташуда хеле наздик шудааст.