Пагоҳ, 15-уми январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар рафти ин сафар мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба дар сатҳи баланди давлатӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон масоили гуногуни муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифта, як силсила ҳуҷҷатҳои муҳим, ки ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Эронро боз ҳам мустаҳкамтар менамоянд, ба имзо хоҳанд расид.
Дар доираи ин сафар баргузории форуми тиҷоратию сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.