Президенти Қазоқистон ба раиси Шурои уламои Тоҷикистон медал супурд
155

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон медали фахрии Анҷумани фаъолони динҳои ҷаҳонӣ ва суннатиро дарёфт кард.

Ҷоиза бо фармони президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев зимни як маросими расмӣ, ки дар доираи форуми мазкур баргузор гашт, супурда шуд.

Ёдовар мешавем, ки муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар Анҷумани VIII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ, ки рӯзи 17-уми сентябр дар шаҳри Остона таҳти раёсати раисҷумҳури Қазоқистон ифтитоҳ ёфт, ширкат дорад. Дар ин ҳамоиш беш аз 700 намоянда аз 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони тамоми динҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД