Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия Владимир Путин дар сӯҳбат бо рӯзномаи “"Аргументы и Факты” дар бораи ҳаёти шахсии сарвари давлат ҳарф зада, қайд кардааст, ки президент дар вақтҳои холигиаш бештар китоб мехонад.
Путин ба асарҳои таърихӣ таваҷҷӯҳи зиёд дошта, ҳамзамон пайваста матбуоти давриро мутолиа мекардааст. Сарвари кишвари рус тамоми рӯзномаҳоеро, ки ба Кремл ва ба қароргоҳаш дар Ново-Огарёво меранд, варақ мезанад, то ҳамеша аз авзои кишвараш ва ҷаҳон бохабар бошад.
Барномаҳои телевизионӣ низ аз назари президент дур намемонанд. Дмитрий Песков мегӯяд, Путин бештар шабакаҳои телевизионии немисӣ ва англисиро тамошо мекунад.
Албатта ба Русия барин як кишвари азим ва абарқудрат сарварӣ кардан кори осон нест, вале ба ташвишҳои зиёд ва серкориаш нигоҳ накарда, Путин барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ вақт ҷудо мекунад. Айни замон президенти Русия дониши англисии худро қавӣ намуда, ҳафтае 2-3 маротиба дарсҳои кӯтоҳмуддати забони англисӣ мегирад.
“Президенти Русия бо сарвари кишвари Чин Си Цзиньпин ва сарвазири Ҳиндустон Нарендру Моди муносибатҳои боэътимод дорад”- қисса кардааст котиби матбуотии президент.
Мавзӯи ҳайвоноти хонагӣ низ аз ин сӯҳбат берун намонда, котиби матбуотии президент иқрор шудааст, ки ягон маротиба дар гирду атрофи сарвари давлат гурбаро надидааст, вале Путин ба сагҳо муҳаббати зиёд дорад.
Манбаъ: Спутник