Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дили сокинони шаҳри Хоруғро шод гардонида, ба чандин оилаҳо калиди хонаҳои нави замонавиро супурданд.
Бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10-ошёна бо Пентхаус ба истифода дода шуд, ки аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 75 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Бинои нави истиқоматӣ аз се қисмат иборат буда, 154 хонаи истиқоматии барҳаво дорад. Дар фасли зимистон бино бо системаи гармидиҳӣ тавассути қувваи барқ таъмин хоҳад шуд. Дар ошёнаи якум Маркази тиҷоратии 24-соата фаъолият намуда, маҳсулоти рӯзгорро ба истиқоматкунандагон пешниҳод месозад.
Ҳудуди бинои истиқоматӣ ва роҳравҳо бо сангҳои ороишии корхонаи навбунёди «Суман»-и шаҳри Хоруғ зиннат дода шуда, ба як макони дилфиреби сайру саёҳат табдил ёфтааст. Дар атрофи бино дарахти ҳамешасабз ва гулҳои зебову рангоранг шинонида шуда, сутунҳои равшанидиҳандаи чароғон шабонгоҳ ба ин макон зебогии хос зам мекунад.
Президенти мамлакат 56 хонаи ин биноро ба сокинони шаҳри Хоруғ ва 6 манзилро ба омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Академик Моёншо Назаршоев тақдим намуданд. Ҳар як манзил бо лавозимоти рӯзгор таъмин буда, тамоми шароитҳои зиндагӣ фароҳам оварда шудаанд. Ин туҳфаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сарбаланди шаҳри Хоруғ мебошад.
Дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ҳамчунин боз як бинои 15-ошёна ба истифода дода шуд, ки аз 128 хонаи як, ду ва сеҳуҷрадор иборат мебошад. Дар ҳуҷраҳои бинои мазкур мутобиқ ба талаботи замони муосир барои зист шароит фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки раванди созандагӣ ва бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ дар оянда низ тибқи нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома меёбад.