arzon replenishment
Президент боз як беморхонаи нави замонавиро ифтитоҳ намуд
245

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24-уми май зимни сафари кории хеш ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Ин муассисаи нави тандурустӣ аз 3 қисм иборат буда, биноҳои канорӣ 6-ошёнагӣ ва бинои марказӣ 7-ошёнаанд. Марказ дорои 153 ҳуҷраи корӣ, 3 дорухона, 5 ҳуҷраи ҷарроҳӣ, нуқтаи дандонпизишкӣ бо технологияи нав, 40 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббист. Марказ дорои таҷҳизоти тиббие мебошад, ки бо ташхиси хун бештар аз 30 намуди бемориҳоро муайян мекунад.

Дар Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара барои ташхису табобати тамоми бемориҳо, аз ҷумла гушу бинӣ, чашм, гулу, қанд, дилу рагҳо, саратон, узвҳои даруна, гурда, бемориҳои рӯҳӣ, асаб, бемориҳои сироятӣ шароити муосир муҳайё шудааст.

Ҷиҳати ташхиси дақиқи беморӣ дар беморхона дастгоҳҳои рақамии томографиву рентгенӣ насб шудааст. Барои расонидани кӯмаки фаврии тиббӣ ба беморон воситаҳои нақлиёти махсуси муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ фаъолият мекунад. Беморхона бо барномаҳои махсуси компютерӣ таъмин гардида, бақайдгирии электронии нишондоди беморон ва хулосаҳои ташхису машварати табибон тавассути шабакаи дохилӣ интиқол дода мешавад.

Муассисаи мазкур бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ ба сокинони ноҳияи Данғара ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бунёд гардида, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Маркази саломатӣ дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 700 эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ мерасонад. Айни замон дар Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара 475 корманд фаъолият доранд, ки аз нисф зиёдашонро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Маркази саломатӣ иқтидор дорад минбаъд чун пойгоҳи асосии омода намудани мутахассисони тиббии вилоят ва кишвар хизмат намояд. Дар заминаи беморхона кафедраи фанҳои муолиҷавӣ ва педиатрӣ барои таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои тиб ва татбиқи назария дар амалия ба роҳ монда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорону муҳандисон барои бо сифати баланд бунёд намудани иншооти муосир изҳори сипос намуданд. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД