Arzon march 2024
Президент ба зарардидагони ҷанг озуқаворӣ фиристод
948

 

Кумакҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаки навбатии башардӯстонаи худро, ки иборат аз маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, 1500 метри мураббаъ фанер ва гипсокартон, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар ба шаҳри Исфара расид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ иттилоъ дод.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо, иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кумакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ворид гардид.

Кумаки зикршуда асосан оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кӯлканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифта, нишони ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида, оилаҳои сарбозони шаҳид ва аҳолии осоиштаи қурбоншуда мебошад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД