Тибқи иттилои дарёфтии сомонаи "Оила" Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар тантанаҳои наврӯзии сокинони вилояти Суғд ширкат мекунанд.
Сафари кории Президенти кишвар ба вилояти Суғд рӯзҳои 29-31 март дар назар аст. Дар доираи сафари корӣ Сарвари давлат аз шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол ва ноҳияҳои Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов дидан мекунанд.
Ҳамзамон, дар ин доира Роҳбари кишвар дар ҷашни наврӯзии сокинони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ширкат мекунанд.