«Агрегати сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2025 ба кор медарояд”-изҳор дошт Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи худ. Сарвари давлат таъкид кард, ки айни замон дар Роғун 5000 коргар намерасад.
“Дар ин ҷо 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон кор мекунанд, 3500 таҷҳизот истифода мешавад. Барои таҷдид ва таъмири иншооти энергетикӣ ҳудуди 9 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст»-гуфт президент.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кившар ин нуктаро дар Паёми худ, ки дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, ироа намуда, илова кард, ки танҳо соли равон ба НБО “Роғун” 5 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Дар маҷмӯъ дар замони соҳибистиқлолӣ барои навсозӣ ва рушди соҳаи энергетика дар ҷумҳурӣ 85, 8 миллард сомонӣ сарф гардидааст.
Пешвои миллат доир ба масъалаи талафоти нерӯи барқ андешаронӣ намуда, зикр карданд, ки ҳудуди 3 миллиард киловатт соат барқ талафот мешавад, агар ин миқдор камтар карда шавад, мардум 24 соат бо барқ таъмин мешаванд.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор расидааст.
Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаҳои маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор км роҳ ва 461 пул бунёду навсозӣ шудааст.
Айни ҳол Паёми Президенти кишвар идома дорад. Моро пайгирӣ намоед, мо шуморо аз хабарҳои нав огоҳ месозем.