Чаро халқи тоҷик аз ҳақу ҳуқуқи худ дифоъ намекунанд? Чаро имконият медиҳиҳанд, то ки дигарон ба нафъи худ аз вақти онҳо суйистифода мекунад? Чаро асабӣ ҳам шаванд як ду даҳон сухан намекунанд? Чаро тарсуянд? Ин суолҳоро ҳар субҳ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба худ медиҳам.
Субҳ ба мошини хасайри №19 савор шуда, роҳ сӯйи дафтари корӣ пеш гирифтам. Дар ними роҳ автомобили дигари ҳамин хатсайр ба мошине, ки мо савори он будем, ишораи ист намуд. “Канӣ пурс чӣ мехоҳад?”-хитоб кард ронанада ба пулчинак. Пас аз дақиқае кондуктор баргашту гуфт: “он кас мехоҳад мусофиронашро ба мошини мо бор кунад, гӯё мошини худаш вайрон шудааст”. Ронанда ба пулчинак фаҳмонд, ки 50%-и пули он мусофиронро пардохт кунанд, бар акси ҳол онҳоро ба мошинаш савор намекунад.
Дар байни чанд дақиқае, ки пулчинаки он ду мошин барои пул баҳс доштанд, мусофирони он автомобил ба мошини мо як-як савор шудан гирифтанд. Дар маҷмӯъ 11 мусофир бо борхалтаҳои вазнин ва мӯйсафедҳои базӯр ҳаракатмекардагӣ ба мошини мо кӯчонда шуданд.
Табиист, ки мусофирони навсаворшуда, ё ба қавли дигар маҷбуран кӯчондашуда, базӯр дар мошин ҷой гирифтанд. Чеҳраи он мусофирон бозгӯи он буд, ки то кадом андоза нороҳат шудаанд ва дар таги дил ронандаашонро бо гапҳои “хуб” сарзаниш мекарданд. Лекин ҳайронам, чаро норозигияшонро рӯйирост бо забони гӯё арз накарданд?
Пас аз чанд муддати интизорӣ пулчинак назди ронандаамон омада, гуфт, ки онҳо тамоман пул додан намехоҳанд ва гуфтаанд, ки пулакӣ бошад, худам як бало карда, онҳоро то охир мебарам. “Хай, набошад худаш бурдан гирад. Фарор он 11 нафарро. Бепул ҳозир кӣ мебарад?...”-гуфт ронандаи мо.
Мусофирони бечора боз аз автомобили мо фаромаданду ба воситаи нақлиёти қаблиашон савор шуданд.
Дилам ба пиронсолон сӯхт. Онҳо базӯр қудрати ба мошин саворшудану аз он фаромаданро доштанд ва бар замми ин борхалтаҳои вазнин дар даст доштанду ҳар як сония нафаси чуқур-чуқур мекашиданд. Чунин бемасъулиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбати мусофирон аз ҷониби ронандаҳо ҳолати нахуст нест. Чандин маротиба ҳатто сари ин масъала бо ронандаҳо баҳс доштем, лекин ба ҷойи узрхоҳӣ боз якчанд сухани болохонадор низ шунидаем.
Мусофирон низ инсонанд ва дар ҳолати вайрон шудани мошин вазъиятро дарк мекунанд, лекин дар бисёр мавридҳо ронадаи аксари хатсайрҳо бар манфиати кори худ аз ними роҳ мегарданду мусофиронро дар нимароҳ сарсону саргардон мекунанд.
Дар даромадгоҳи ҳамаи нақлиёти ҷамъиятӣ бо ҳарфҳои калон навишта шудааст, ки “бе ниқоб даромадан манъ аст” ва дар қоғази дагар дарҷ гардидааст, ки “дар дохили нақлиёт масофаи иҷтимоиро риоя намоед!” Ронандаи автомобили мо низ дар навбати худ ба хатои ҷиддӣ роҳ дод. То ворид шудани он 11 мусофир дар мошини худи ин ронанда аллакай ҷойҳои нишаст банд буданд ва ҳатто якчанд мусофир рост истода буд. Лекин ӯ дидаю дониста он мусофирони дигарро ба мошин роҳ дод, ҳол он ки на ҳамаашон ниқоб баста буданд ва бо сабаби танг будани “салон”-и автомобил, риояи масофаи иҷтимоӣ имконнопазир буд.
Ин қоғазҳо фақат ба хотири “галочка” часпонда шудаанд. Ҳатто бо 5-10 сомонӣ аз доми нозирони роҳ раҳо меёбанд. Масъулият аз ҷониби на нозирони роҳ, на ронандаҳо ва на мусофирон ҳис карда мешавад. Мусофирон бе ниқоб ва дидаю дониста ба мошини серодам савор мешаванд, ронандаҳо ба хотири пули зиёд кор кардан мусофиронро аз меъёр зиёд савор мекунанд, нозирони роҳ ба хотири киссашонро пур кардан ба ҳамаи ин қоидавайронкуниҳо чашм мепӯшанд.
Боре мусофирзан барои бисёр бор кардани мусофирон бо ронандаю пулчинак баҳс карда гуфт: “Дигар одам нагиред. Мо нав сиҳат шудему ҷуръати ба берун баромаданро пайдо кардем.Намехоҳем дубора сироят ёбем”. Пулчинак дар навбати худ киноязанон арз кард: “Ҷой тангӣ кунад, ба таксӣ савор шавед! Мо низ иҷораю андоз месупорем. Агар дар “автобаза” пули иҷораро кам кунанд, мо низ минбаъд мусофиронро мувофиқи меъёр савор мекунем! Мо ҳам зиндагӣ дорем. Беморӣ гуфта нон нахурем?” Хуллас, чунин камбудиҳо бешуморанд ва агар ҳар кадоми онро мисол биёрем, даҳҳо саҳифа пур мешаванд.
Аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии автомобилӣ хоҳиш карда мешавад, ки фаъолияти нақлиётиҷамъиятиро ба низом дароранд.. Зеро маҳз ҳамин нақлиёт метавонад боиси авҷи дуюмбораи COVID-19 шавад.