Formula novemver 2024
Пойлуч калон шудам, дада!
10.06.2023
ОИЛА
1323

Шаҳло ном дораму имсол мактабро хатм мекунам. Падарам дар яке аз шаҳрҳои Русия кор мекунад. Бе пул нест, вале шояд духтарҳои зебои русро дида, зану бачаҳояшро аз ёд бурдааст, ки моро суроғ намекунад. Се сол боз на занг мезанад ва на пул мефиристад.

Бечора модарам ба хотири хӯрондану пӯшонидани мо дар хонаҳои нафарони сарватманд хизматгорӣ мекунад, вале хӯронидану пӯшонидани мо барояш рӯз ба рӯз душворӣ мекунад. Борҳо дидаам, ки очаҷонам шабҳо то саҳар гиря мекунад. Оби дидаи модарамро дида, мо талаб намекунем, ки бароямон ин бихару он бихар, вале бо либосҳои кӯҳна ба мактаб рафта, руҳан сахт азоб мекашем.

Қариб ҳамаи ҳамсинфонамон аз оилаҳои бою бадавлат ҳастанд ва зиндагии серу пур доранд. Онҳо «чиркинак, пойлуч ва гадо» гӯён, маро масхара мекунанд. Базӯр оби чашмамро дошта, то хона меояму ҳамин, ки аз дарвоза даромадам, ашк рӯйи рухсораҳоям ҷӯя мекашад.

Сағера мебудам, шояд чандон аламам намекард, вале падардори бе падар будан бисёр дарднок аст. Наход падарат зиндаву саломат бошаду фарзандон ин қадар азоб кашанд?

Агар рӯзе бо падарам рӯ ба рӯ шавам, ба чашмаш нигариста гуфтан мехоҳам: “Ман пойлуч калон шудам, дада! Дигар ба буданат ниёз надорам!”

Шаҳло, н. Восеъ

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-06-10, 11:55
Ингуна падаро дар руяш туф бояд кард ва сухан барояш хайфаст чояш хонаи пиронсолонаст на пеши фарзандони зинда ятим
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-06-10, 11:55
Ингуна падаро дар руяш туф бояд кард ва сухан барояш хайфаст чояш хонаи пиронсолонаст на пеши фарзандони зинда ятим
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД