arzon replenishment
Посухи Вазорати тандурустӣ ба дархости фаъолони шаҳри Хуҷанд
2503

 

Чанд нафар сокинони фаъоли вилояти Суғд бо роҳбарии Манзура Махкамова дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо нашру таблиғи муроҷиатномаи худ аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки то ҷашни Истиқлолият барои таъсиси як донишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд низ чун ноҳияи Данғара Донишгоҳи тиббӣ таъсис дода шавад. Муроҷиатномаи мазкур бо сарлавҳаи “Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон“ нашр шуда, маъракаи ҷамъоварии овозҳо аз ҷониби як гуруҳи ихиёриён тавассути саҳифаи “Фейсбук” ҷараён дорад. Аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар дар пайи ин талаби онҳо ба хабаргузории “Спутник” гуфт, ки ин як нияти хуб аст, аммо кори ношуданӣ.

Дар номае, ки фаъолони ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд ба унвони Эмомалӣ Раҳмон фиристодаанд, “шаҳрвандони Тоҷикистон аз дохил ва хориҷи кишвар” аз президент хостаанд, ки ба таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хуҷанд ҳамчун як “туҳфаи арзанда ба мардуми кишвар” дар остонаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иҷозат диҳанд.

Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин пешниҳод ва далелҳоро як нияти нек, аммо дар ҳоли ҳозир ғайри қобили иҷро гуфт. Ба гуфти муовини вазир, агар гап дар як қарори ҳукумат ва ҳам таъсиси бино барои як донишгоҳ дар Хуҷанд бошад, кори содда ва амалишаванда аст. “Аммо барои таъсиси донишгоҳ як лабораторияи қавӣ зарур аст, зеро сатҳи касбии табибони ояндаро маҳз лаборатория маълум мекунад. Ҳадди ақал 60 кафедра лозим аст, ки онҳоро дотсенту докторони илм роҳбарӣ кунанд ва чанд муаллими боқувват ҳам бояд дошта бошад. Як доктор ё номзади илм солҳои дароз тайёр мешавад. Ҳимояи рисолаи докторӣ аз 3 то 15 сол кор мехоҳад. Донишгоҳ бояд клинникаҳо дошта бошад, масалан, барои омӯхтани ҷарроҳӣ. Фақат бо як китоб хондан – назария намешавад кадр сохт. Агар дар вилояти Суғд чунин захираи кадрӣ бошад, ҳеҷ мушкиле нест, ки як донишгоҳ ҳам таъсис шавад”, - гуфт Шодихони Ҷамшед.

Донишгоҳи тиббии Хатлон, воқенъ дар ноҳияи Данғара дуюумин донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст, ки айни ҳол дар марҳалаи такмилёбӣ қарор дорад, зеро пеш аз таъсис додан он шароиту заминаҳои қавӣ надошт ва сифати кадрии он аз донишгоҳи Душанбе тамоман фарқ мекунад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар ду донишгоҳ дар Душанбеву Данғара, 25 коллеҷ, як донишкада бо филиалҳояш дар Суғду Хатлон ва се маркази ҷумҳуриявии таълимӣ бо филиалҳояш дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД