Португалия бори аввал қаҳрамони ҷаҳон шуд
28.11.2025
Oila.tj
63

Мунтахаби то 17-солаи Португалия дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2025 дар кишвари Қатар унвони қаҳрамониро ба даст овард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар финали мусобиқа Португалия бо тими Австрия бозӣ кард. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи байналмилаии Халифа дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди Португалия анҷом ёфт.

Ягона голро Анисио Кабрал дар дақиқаи 32-юми бозӣ ба самар расонид. Дуарте Куня паси головарро анҷом дод.

Барои Португалия ин аввалин қаҳрамонӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни дастаҳои то 17-сола мебошад. Австрия бори аввал ба финал баромад ва беҳтарин натиҷа барои ин тим дар Ҷоми ҷаҳонии футбол маҳсуб мешавад.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаҳои Бразилия ва Италия вориди майдони рақобат шуданд. Вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 хотима ёфт ва дар силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4 бар 2 Италия пирӯзӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни дастаҳои то 17-сола аз 3-юм то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор гардид. Қаҳрамони феълии мусобиқа мунтахаби то 17-солаи Олмон маҳсуб мешавад, ки дар финал Фаронсаро шикаст дод. Бозиҳоро соли 2023 Индонезия мизбонӣ карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД