Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки низоми ҳуқуқиаш ба қонунҳои шариат асос ёфтааст, барои ришвахӯрӣ ҷазоҳои сахт пешбинӣ мешавад.
Аз ҷумла, барои дуздии моликияти давлатӣ ё дуздии маъмулӣ ангуштон ва як қисми пойи муттаҳамро мебуранд. Агар ҷиноят такрорӣ содир шуда бошад, айбдоршаванда эъдом мешавад. Барои чунин ҷазо ҳаҷми маблағ зарур нест, танҳо исботи далели дуздӣ.
Зимнан, агар дар Эрон мансабдоре аз нашъаҷаллобон пора гирифта бошад, ӯро фавран ба марг маҳкум мекунанд.