Маҳсулот:
Орди гандум – 500 грамм
Об – 270 грамм
Шакар – 55 грамм
Хамиртуруш – 10 грамм
Равғани маска – 30 грамм
Тухми мурғ – 1 дона, тақрибан 58-60-грамма
Намак – 1 қошуқча пур карда
Равғани растанӣ – 0,7 қошуқ
Орди шакар – 2 қошуқ
Тарзи таҳия
Равғани маска бояд мулоим бошад. Онро пешакӣ аз яхдон бароварда монед. Ё ки дар микроволновка 10 сония гарм кунед, ки танҳо мулоим шавад. Дар коса хамиртурушро бо оби гарм об карда, як дона тухмро то пурра махлутшавӣ лат занед. Намаку шакарро бо орд якҷоя карда, хамири софу ҳамвор хелед. Ба он равғани маскаро ҳамроҳ карда, то даме, ки хамир аз даст тоза мешавад, хелед, аммо орд ҳамроҳ накунед. Метавонед аз миксер, ё хамиршураки электрикӣ истифода баред. Хамирро бо сачоқ пӯшонда, ба ҷойи гарм гузоред. Мумкин аст ба духовкаи 35 дараҷа гарм гузоред. Тақрибан пас аз як соат хамир ду баробар мерасад. Мушт зада, бори дигар барои дамгирӣ монед. Баъди 40 дақиқа хамир аз пештара бештар медамад. Расидани хамир аз гармӣ ва хамиртуруш вобаста аст. Аз нав хамирро мушт зада, ҳамвор кунед. Болои тахтаи корӣ ва дастонатонро равған молида, хамирро ба кулчаҳои хурдакаки тақрибан 30-35-грамма ҷудо кунед. Байни онро сӯрох карда, шакл диҳед. Равғанро то 160-180 дараҷа ҷӯш кунед. Бинед, ки дуд набарорад. Пончикҳоро аз ду тараф бирён карда, ба сачоқчаҳои коғазӣ монед, то равғани зиёдатӣ ҷудо шавад. Болои пончикҳо ба таъби дилатон орди шакар пошед.