sebiston july new
Пневмококк ба менингит гирифтор месозад?
630


Тайи ду ҳафтаи охир дар аксари беморхонаҳои пойтахт кӯдаконро ба муқобили пневмакокк “прививка” карда истодаанд. Аксар вақт баъди ваксина гирифтан кӯдакон бемор мешаванд, аз ҳамин сабаб ман ду дила ҳастам, ки духтарчаи навзодамро ба эмгузаронӣ барам ё не. Мехоҳам донам, ки ин ваксина барои ч ӣлозим аст? Умуман, худи пневмакокк чист ва чӣ хатар дорад? Илтимос, дар ин бора маълумоти муфассал диҳед.

Тахмина, сокини ш. Душанбе

Хоҳари азиз,Таҳминабону! Маслиҳати мо ба шумо ва дигар модарон ҳамин аст, ки ҳатман фарзандони худро барои эмгузаронӣ баред, зеро пневмакокк метавонад кӯдакро ба бисёр бемориҳои шадид гирифтор созад.
Пневмакокк чист?
Пневмакокк- streptococcuspneumoniae як нав бактерияи хатарноке мебошад, ки дар сурати роҳ ёфтан ба организми инсон харобкориҳои зиёде менамояд ва пеш аз ҳама ба роҳҳои нафас осеб мерасонад. Пневмакокк барангезандаи бемориҳои сироятӣ буда, боиси сарзадани илтиҳоби шуш, сепсис ваминенгит барин касалиҳои вазнин гашта метавонад.
Пневмакокк чӣ тавр ба организми инсон меафтад?
Пневмококкҳо бактерияҳои хеле паҳншуда ва беҳисоб буда, сари ҳар қадам вомехӯранд. Инсон метавонад дар хона, дар кӯча, дар роҳ, дар корхона, дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз ин бактерияҳо сироят ёбад, чунки пневмаккок бо  роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ ҳангоми атса задан, сулфидан ва ҳатто нафаскашӣ аз одами бемор ба одамони солими дар атрофаш буда ба осонӣ мегузарад.
Кӯдакон ва мӯйсафедон дар гурӯҳи хатар
Тавре ки аллакай ишора кардем, бактерияҳои пневмакокк асосан тавассути роҳҳои нафас ба организми инсон роҳ меёбанд. Аз касе пӯшида нест, ки организм икӯдакон, махсусан тифлакони то се сола ва пиронсолон нисбати дигарон хеле заифтараст, аз ҳамин сабаб ин дутоифа дар гурӯҳи хатар қарордошта, хавфи сироят ёбиашон зиёдаст. Вақте ки қувваи муҳофизатии организм суст аст, пневмакоккҳо дар ҷисми инсон хеле зуд инкишф ёфта, иллатҳои гуногуни роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш, сепсис ва менингит барин касалиҳои хатарнокро ба вуҷуд меоранд, ки дар сурати сари вақт ташхис ва табобат накардан метавонанд оқибатҳои нохушро ба бор оваранд.
Чаро кӯдаконро эм мекунанд?
Пневмакокк натанҳо аз одами бемор, балки аз одамони ба назарсолими ин инфексияро дошта низ метавонад ба атрофиён гузарад. Ҳайрон шудед? Гап дар сари он аст, ки пневмакокк вақте ба организми инсон афтид, асосан дар бинӣ, гулӯ ва роҳҳои дигари нафас макон мегирад. Иммунитети одам агар пурқувват бошад, бактерияҳо ба ӯ таъсир расонида наметавонанд ва кас худаш аз он ки дар ҷисмаш пневмакоккҳо зиндагӣ мекунанд, бехабар мемонад. Ин ҳолат барои одамони дигари дар атрофаш буда, махсусан барои кӯдакони хурдсол ва пиронсолон бисёр хатарнок аст, зеро онҳо ҷисман заиф ҳастанд ва ба осонӣ аз пневмакокк сироят ёфта, ба ҳархел бемориҳо гирифтор шуда метавонанд. Ошкортар бигӯем, мо худамон ин ро нафаҳмида,метавонем фарзандони хурдсол ва падару модари кӯҳансоламонро аз пневмакокк сироят намоем, бинобар ин, кӯдакон ва пиронсолон, яъне одамони аз 65-сола боло бояд ба муқобили ин беморӣ эмгузаронӣ, яъне ваксинатсия карда шаванд.
Пневмакокк кадом бемориҳоро ба вуҷуд меорад?
Инфексияи пневмакокк махсусан барои кӯдакони то дусола, одамони иммунитеташон, яъне масунияти баданашон суст, гирифторони бемориҳои мунзим, куҳансолон, шахсоне, ки аз касалии саратон азият мекашанд, ҳамчунин барои одамони сигоркаш хатарнок мебошад. Вақте ки пневмакокк ба организми инсон роҳ меёбад, дар ҷисми заиф бемориҳои сироятии зеринро ба вуҷуд оварда метавонад:
1. Илтиҳоби шуш, пневмония.
2. Илтиҳоби пардаи луоби ибинӣ.
3. Илтиҳоби пардаи гӯш.
4. Энцефалит, илтиҳоби пардаи майна ва ё менингити зардобдор, кибемориибисёрхатарнокбуда, беморро то ба марграсонидаметавонад.
Нишонаҳоипневмакокк
Хатариасосиипневмакокк дар он аст, ки дар суратизаифбудани организм ин бактерияҳометавонанд ба хунгузарандватавассутихун ба дигарузвҳоиинсон низ роҳёфта, бемориҳоизиёдеро ба вуҷудоранд, бинобар ин, бомушоҳиданамуданинишонаҳоиаввалинипневмакоккҳатман ба духтурмуроҷиат кардан лозимаст. Нишонаҳоизерин аз роҳёфтанипневмакокк ба организмиинсон аз худ даракмедиҳад:

Фируза редактор тсел, [17.11.2022 15:07]
1. Душворшуданинафаскашӣ, пайдошуданидард дар қафасисинавасулфа аз он гувоҳӣмедиҳад, ки бар асарипневмакоккаллакай пневмония саршудааст.
2. Табларза, дилбеҳузурӣ, эҳсоси вазниниисарвагарданвадардишадидисар аз он гувоҳӣмедиҳад, кипневмакоккминенгитро ба вуҷудовардаистодааст.
3. Дардигӯшва баланд шуданиҳарорати бадан аз илтиҳоби гӯш бар асарипневмакоккдаракмедиҳад.
Тарзитабобат
Пневмококк асосанбоёрииантибиотикҳотабобат карда мешавад. Дар сурати сари вақт аз паси табобатшудан дар муддатиначандон зиёдбеморшифомеёбад, вале дар ҳоли зоҳирнамуданибепарвоӣтабобатибемориҳое, ки дар асарипневмакоккпайдошудаанд, хелетӯлкашида, бемор метавонад ба беморхонаафтад. Аз ҳаминхотир,мо ба шумомаслиҳатмедиҳем, кикӯдакони худроҳатман ба муқобилипневмакоккэмгузаронӣкунедва дар суратимушоҳиданамуданинишонаҳои дар болозикршудаҳатман сари вақт ба табибонмуроҷиатнамоед!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД