Маҳсулоти лозима:
1 истакон шир
150 грамм маргарин
2 тухм
1 қошуқча хамиртуруш
2 истакон орд
Намак
Тарзи таҳия:
Ширро гарм карда, маргаринро об кунед ва дар як карсонча резед. Орд, хамиртуруш, шакар, тухм ва намакро илова намуда, барои питса хамири мулоимак шӯред. Хамирро 3 соат дар ҷойи гарм нигоҳ дошта, баъдан дар тоба тунук кунед. Қиммаро ин тавр дар болои хамир резед: 50 грамм томати помидор, 300 грамм ҳасиби реза, замбўрӯғ, 2 бодиринги очонидашуда, 200 грамм панири аз турбтарош гузаронидашуда.