Малак рақами нави телефонашро ба дугонааш Афрӯза надод. Ҳар гоҳ Афрӯза сабаби хомӯш будани телефонашро пурсон шавад, баҳона пеш меовард, ки телефонаш вайрон шудааст.
Мироншоҳ ҳам баъди зангҳои бардавом аз ба даст овардани дили ин духтари мағрур навмед шуда, дигар аз пеши роҳи Малак набаромад. Аз ин рафтори ҷавон Малак каме ранҷид.
Рӯзи дигар Ҷобир аз пешорӯйи Малак баромада, ишора кард, ки ба мошин шинад.
- Ман ба шумо ҷавобамро дода будам,-норозиёна арӯ кашид духтар.
-Ту ҷавоб дода будӣ ё модарат? Малак, бовар кун, акнун ман ҳамаашро фаҳмидам. Падарам, вақте ки ту ба дунё омадӣ, падаратро ранҷонидааст. Барои ҳамин падарат туро ба ман намедиҳам мегӯяд.
-Ман бо он касе оила барпо мекунам, ки волидайнам интихоб мекунанд,-Духтарак ин гапро гуфту рӯяшро гардонда рафтанӣ шуд. Ҷобир аз ин рафтори Малак дар ғазаб шуд:
- Ду сол мешавад, ки аз қафои ту медавам. Аз пушти падарам шуда, маро азоб медиҳед?!
- Маро ором гузоред,-Малак аз одамони дар атроф буда, ки ҳайрон-ҳайрон ҷониби онҳо менигаристанд, шармид.
Ҷобир аз дасти духтарак дошта маҷбур мекард, ки ба мошин шинад. Гиря Малакро гулӯгир кард ва бо садои гиряолуд гуфт:
- Сар деҳ дастамро!
-То ба мошин нашинӣ, сар намедиҳам!
Ҳамин дам дасти Ҷобирро марде кашола карда, дасти нозуки Малакро аз панҷаи пурқуввати ин ҷавони мағрур раҳо кард. Духтарак ҳамчун фариштаи наҷотбахш омадани Мироншоҳро дида, шод шуд.
Ҷобир аз либоси Мироншоҳ дошта, дод зад:
- Ту кӣ ҳастӣ аблаҳ!?
- Ту худат кӣ ҳастӣ?
-Ман ба ту савол додам, ки ту кӣ ҳастӣ? Чаро ба кори одамони дигар биниятро мехалонӣ?
- Ман дӯстдоштаи Малак ҳастам! - Бе ибо гуфт Мироншоҳ.
-О-оо чӣ хел хуб. Ман бо вай оила барпо мекунаму ту бошӣ, дӯстдоштааш ҳастӣ? Агар бори дигар ҳамин гапатро такрор кунӣ, муштборонат мекунам, мефаҳмӣ?!
-Ин ҷо биё, кани бинем, кӣ киро муштборон мекунад!
Малак аз дидани ин манзара ба ғазаб омада, аввал ба одамони дар атроф буда, пасон ба ҳар ду нигариста дод зад:
-Чиҳо мегӯед ҳардуятон! Кӣ ба шумо ҳуқуқ дод, ки дар бораи ман чунин ҳарф занед. Ноодамҳо....
-Акнун маълум шуд, ки дар шаҳр чӣ корҳо карда гаштаӣ,-тамасхӯромез ба Малак нигариста гуфт Ҷобири ошиқ.
-Гиря накун Малак, иен аҳмақ ба оби дидаат намеарзад,-Мироншоҳ рӯмолчаашро аз кисса бароварда ба духтар дароз кард ва кунҷковона пурсид:
-Воқеан ҳам бо вай фотиҳа кардаӣ?
- Не, чанд бор шуд ки ба хонаам хостгор фиристода, ҳамаро безор кардааст.
-Яъне ту ба вай розигиято надодӣ? Ҳамин тавр!? - Хурсандона пурсид Мироншоҳ.
- Ба Шумо чӣ? - Рӯяшро чаппа гарднда, рафтанӣ шуд духтарак.
-Ист! Ба ягон ҷо рафта камтар сӯҳбат кунем. - Аз қафои Малак рафтанӣ шуд Мироншоҳ.
-Аз қафоям набиёед. Бе ин ҳам Ҷобир дар бораи ман ба деҳа рафта овоза паҳн мекунад. Ба падару модарам чӣ мегӯям?! Барои чӣ ба ин масъала ҳамроҳ шудед.
-Хайр, чӣ кор кунам буд, охир ман туро дӯст медорам. Вақте вай аблаҳ дастони туро қапид, дигар тоқат карда натавонистам.
- Одам бисёр буд. Аз дасти ин нокас чӣ ҳам меомад.
- Одамон тамошобин шуда меистанд. Ҳозир ба мошин туро маҷбуран савор кунам ҳам, касе чизе намегӯяд. Як бор санҷида бинем, - шӯхиомез гуфт Мироншоҳ.
- Эй, ман рафтам, вақти бо ту бас кардан надорам...
ххххх
Малак баъди он ки ба хонаашон расид, хеле дар изтироб буд. Фикр мекард, кич и хел воқеаҳои гузаштаро ба модараш нақл кунад, аммо чӣ ҳам мегуфт...
Малак ба дарс камтар дер карда рафт ва дар назди дугонаи ҷониаш Афрӯза нишаст. Духтарак варақеро гирифта навишт: “То ба кай рақамҳои наватро пинҳон мекунӣ? Падару модарат туро бе телефон ба кӯча сар намедиҳад.-Ман рақамро ба ҳеҷ кас намедиҳам. Акаам мепурсад. Илтимос, ӯро азоб надеҳ!”
Малак дар ҷавоб навишт: “ Ман чӣ кор кардам?!”
Афрӯза дарҳол ҷавб гардонд:“ Акаам туро дӯст доштааст. Малак “ Маро ҳама дӯст медоранд” гӯён, ба ин мавзӯъ хотима гузштанӣ буд, вале дугонааш “Акаам мехоҳад пагоҳ ё фардо ба ту хостгор фиристад. Туро дар кӯча дидааст-ку. Маро чаро рақами телефонашро нагирифтӣ гуфта сахт ҷанг кард” гӯён, хабари тараддуди ба хостгорӣ рафтан будани волидонашро расонда, навиштаҳояшро ғундошт ва аз телефонаш ба акааш паёмак фиристод: “Малак розӣ аст. Ба модарам гӯед, ки ба хостгорӣ раванд!”
-Чаро ин тавр навишти?-озурдахотирона гуфт Малак.
-Ба ту чӣ аҳамият дорад, коре карда падару модаратро розӣ кунонем шуд...
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев
( Тарҷума аз ӯзбекӣ)