Лекин сад накунед ҳам, нағмаи духтар зиёд аст. Эҳтимоли бо шавҳараш хушбахт шудану нашуданаш ҳаст. Писар таваллуд шавад, қадру манзалати зиёд дорад. Албатта қадру қиммати шавҳар ҳам нисбат ба зан ҳазорҳо маротиба зиёд аст,-ҳамоно паст намеомад Нафиса.
-Аз модар бузургу баландқадр касс нест. Қудратмандтарин баҳодурони ҷаҳон ҳам, ки дунёро ба ларза меоранд, вақте аз модар дур мешаванд, эҳсоси оҷизӣ мекунанд,-ин дафъа бо тамоми ҳастӣ Султонаро ҷонибдорӣ кардагуфт хушдоманаш ва қисса кард:
-Рӯзе зане аз шавҳараш пурсид "чаро зан ризоияти шавҳарашро нагирад ба ҷаннат намедарояд. Мавқеи зан ҳамин қадар паст-ми?". Шавҳараш гуфтааст. "Ту як маро розӣ накунӣ аз ҷаннат маҳрум мешавӣ. Ба ту Худованд се писар ато кардааст. Агар онҳо туро розӣ накунанд, аз ҷаннат маҳрум мешаванд. Кани ба ман бигӯ мавқеи кӣ баланд будааст?!"
Райҳона баъди шунидани ҳикояти хушдоманаш гуфт:
- Аввало духтар ё писар, ба ҳар дуяш ҳам Худованд бахт диҳад. Волидайн фарзандаш таваллуд шудан замон дуои нек карданаш лозим, охир Худованд гуфтааст "ман дар гумонатон" Пас гумонро нек кардан лозим, агар дар пешонаи кас, аз дасти фарзанд азоб кашидан навишта шуда бошад, даҳ писар дошта бошад ҳам, ранҷ мебинад, агар ҳаловат навишта шуда бошад аз як духтар ҳам ҳаловат мебинад. Инҳо кори тақдиранд.
Султона ба гапи онҳо бо диққат гӯш медод, лекин аз гапҳои Нафиса сахт ранҷида буд.
-Аз заҳри забони ин зан баъди писар таваллуд карда ҳам халос нахӯрдам. Ҳамин қадар одамон сетою чорто писар доранд, мисли ин бо такаббур ҳарф намезананд аммо ин...
Аслан сабабгори асосии чунин мағруру ҳавобаланд шудани Нафиса хусуру хушдомандааш буданд, зеро онҳо келинҳоро бо писардору беписар ҷудо карда, меҳрашонро ба писардор зиёдтар мебахшиданд ва нҳоро эрка мекарданд.
Ҳамсоязан Соро бошад, баъди ду-се маротиба ҷавоби муносиб гирифтан аз Султона қадамаш канда шуд.
ххххх
Маҳмуд баъди даҳ сола шудани Муҳаммадамин зиёфати калоне густурд. Вай тамоми ҷӯраҳояшро ба ин нишаст даъват кард. Дӯсти наздики Маҳмуд-Ҷӯра, ки духтур шуда фаъолият мекард, ҳини зиёфат ба Маҳмуд гуфт:
- Аҳволи Алибек баъди ҳамон садама хеле вазнин аст.
- Чаро, охир баъди садама нағз шуда буд - ку!?
- Нағз шуда буд, аммо фаъолияти ҳамаи узвҳояш на он қадар хубанд. Табиби нарафтаам намонд, аммо ягон фоида нест. Занаш аз худаш ҳашт сол хурд аст. Ӯ ҳам мехоҳад лаззати дунёро бинад, аммо....
Бо шунидани ин хабар беихтиёр таънаҳои Алибек ба ёди Маҳмуд омаданд, ки гуфта буд. "Мо фақат писар мезоёнем". Маҳмуд ба қудрати Парвардигор ҳазорҳо бор қоил шуда дар дил худ ба худ гуфт: “Худованд қуввату қудрат надиҳад, инсон духтар ҳам таваллуд кунонида наметавонистааст-да”, вале ин чизро аз ҳамсараш Султона пинҳон дошт.
Боре ба садама дучор шудани Алибекро гуфта буд, ки Султона чунин ҷавоб дод:
-Намедонам барои чӣ, аммо ба он кас як зарра ҳам дилам насӯхт. Гапҳои гуфтаву нешҳои задааш то ҳол аз гӯшаи хаёлам фаромӯш намешавад.
-Баъди чанд вақт хабари бемору нотавон шудани Алибек дар байни мардум овоза шуд ва Султона ҳам аз ин бохабар гашт. Вай лабашро газида "Эҳ дуои бади ман ӯро гирифтааст" гуфта барои дуоҳои бади кардааш аз таҳти дил пушаймон шуда, тавба кард.
ххххх
Аз байн солҳо гузашт. Дар ин миён Малак ҳам духтари қадрас шуд. Дар ҳусну малоҳат ва одобу рафтор касе бо ӯ баробар шуда наметавонист. Духтарак ҳоло мактабро хатм накарда, пушти дарашон аз хостгор пур шуд, вале Малак ду пояшро ба як мӯза андохта таҳсилашро дар риштаи тарҷумонӣ давом додан мехост. Духтари калонии хона Гулой донишгоҳи тиббиро хатм кард. Фотимаву Заҳро касби дӯзандагиро интихоб карданд. Ҳар сеяшон ба шавҳар баромада хушбахт зиндагӣ мекарданд. Акнун навбати Малак расида буд....
(Давом дорад)