Arzon march 2024
Писармӯҳтоҷ (Қисми 13)
4161

 

Аз тӯйи Мироншоҳ ва Малак шаш моҳ гузашт. Дар ин муддат ин духтари чаққону кордону дилёб дар дили хусуру хушдоман ҷой шуда, барои онҳо мисли фарзанд гашта буд ва Малакро ба ҷонашон барбар дӯст медштанд.

Одатан келинҳо бо хоҳаршӯй соз намегиранд, вале Малаку Афрӯза апаву хоҳар барин ба ҳамдигар меҳрубон буданд. Малак аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид ва худро хушбахттарни зани олам тасаввур мекард, вале...

Баъди шаш моҳ худ аз худ байни Мироншоҳу Малак сарди афтод. Элмира шояд аз сабаби кӯдакдор нашуданашон бошад, гуфта, келинашро назди духтур бурд. Духтур баъди муоинаи пурраи арӯсак каме хунукӣ доштани Малакро гуфта, табобат фармуд....

ххххх

Мироншоҳ сари ҳар қадам ба Малак рашк бурда, ғурбат мекард. Рӯзе Малак аз донишгоҳ дер омад ва шавҳараш худро дошта натавониста ба рӯйи арӯсак як торсакӣ зад. Малак аз ин рафтори Мироншоҳ сахт ранҷида бошад ҳам, мисли арӯсони дигар қаҳр карда ба хонаи падару модараш нарафт. Гумон дошт, ки Мироншоҳ аз карда пушаймон шуда, дигар ҳаргиз ба сари ӯ даст наме бардорад, вале хомӯшию пурбардоштии зан шавҳарашро далертар карда, лату кӯб кардан барояш одат шуда монд. Акнун шавҳари бадрашкашро Малакро ҳатто ба хонаи падару модараш рафтан ҳам намемонд.

Малак зориву таваллои зиёде намуд, ки иҷозат диҳад, то ки ақаллан ба табрики падараш равад. Мироншоҳ ваъда дод, ки рӯзи зодрӯзи падарарӯсаш худаш бо мошин занашро ба хонаи волидонаш мебарад, вале вақте зодрӯзи падари Малак фаро расид, аз серкорӣ имкони аз корхона баромадан наёфта ба зангҳои пайвастаи Малак посух надод.

Ахиран Элмира худаш келину духтарашро ба зодрӯз бурд. Ҷашни зодрӯз хубу хотирмон гузашт, аммо ба дили Малак аз наомадани Мироншоҳ ғул-ғула афтода буд...

Бегоҳ, вақте аз хонаи падару модараш баргаштанд, дар дами дар Мироншоҳ онҳоро бо қошу қавоқи овезон пешвоз гирифт ва "чаро аз ман напурсида рафтӣ?" - гӯён, Малакро зери мушту лагад гирифт.

Нолаи ҷонсӯзи келин ба гӯши Элмира расида, осемасар давида омад.

Модараш Мироншоҳро ҷанг карда, келинашро бо як азоб аз чанги писари бадрашкаш раҳо кард. Малак оҳи сарде кашида ба хушдоманаш гуфт:

-Модарҷон, мар бубахшед, вале дигар ба чунин зиндагии сагона тоқат карда наметавонам. Рашки бад ва мушту лагади писаратон ба дилам задааст. Ман меравам!

-Истед духтарам, камтар сабр кунед. Ман худам ҷазои и ӯро медиҳам,-илтимос кард Элмира ва ҳамроҳи Афрӯза базӯр Малакро ба хона дароварданд...

ххххх

Акнун Элмираву Афрӯзаву Малак бо ҳам дар як хона хоб мерафтанд, Мироншоҳ бошад, дар утоқи дигар худаш танҳо хоб мекард. Малак ҳам бо шавҳараш гап задан намехост, Меҳроншоҳ низ аз сари кибру ғурур пеши арӯсаш сар хам кардан намехост.

-Модар мо боз бо ин корамон, муносибати онҳоро сардтар накунем? - мегуфт Афрӯза ба ташвиш афтида.

-Не, камтар дигар истем. Кадом домоди нав мехоҳад, ки аз ҳамсараш ҷудо хоб равад, кӯрпаро оғӯш карда.

- Э модарҷон, шарм намедоред - а.

-Чаро мегӯянд "дарахти макри зан сад реша дорад"? Барои он ки зан бояд дар ҳар хел вазъият ранг иваз карда тавонад ва шавҳарашро ҳамеша ба худ ром кунад.

-Худатон ҳам борҳо қаҳр карда ба хонаи бобоям рафта будед-ку.

-Он вақтҳо кассе набуд, ки ин чизҳоро ба ман фаҳмонад!

Малак хомӯшона ба гапҳои онҳо гӯш дода чизе намегуфт.

ххххх

Аз чӣ сабаб бошад, ки вақтҳои охир ӯ сахт хунук мехӯрд. Нисфирӯзӣ чун хӯрок омода кард, аз сабаби бемор буданаш, хӯрок камтар шӯр шуд. Мироншоҳ ҳаминро баҳона карда ҳамсарашро сахтакак ҷанг кард. Аммо шояд сиёсати модараш таъсир карда бошад, ки ин бор ба Малак даст набардошт. Элмира барои писараш аз нав тухм пухт, Малак бошад, ба дигар хона, даромада хун гирист.

Дили Афрӯза ба дугонаи ҷониаш сӯхта ба сари акааш дод зада гуфт:

-Медонистам, ки ин қадар Малакро азоб медиҳед, ҳаргиз барои бо ин духтар оила барпо карданатон кӯмак намекардам.

- Даматро гир боз даҳону биниятро хуншор накунам.

-Даҳону бинии маро ҳам хуншор кун. Ман туро барои ҳамин ба дунё овардам, -бо алам ба гап ҳамроҳ шуд Элмира. Мироншоҳ мизро бо мушт зада аз хона бадар рафт.

ххххх

Вай бегоҳ маст шуда омад. Аз корҳои кардааш пушаймон буд, вале намедонист чи тавр бахшиш пурсад.

Малак сахт бетоб шуда буд. Элмира барои келинаш “Ёрии таъҷилӣ”-ро ҷеғ зад, вале табибон баъди муоинаи бемор “айни замон ягон ҷойи ташвиш нест, мо ҳозир дрӯ мегузаронем, агар то пагоҳ ҳолаш беҳ нашавад, ба беморхона баред” гуфта, баромада рафтанд.

Малак бемор бошад ҳам, хун гирста мегуфт, ки ӯро ба хонаи влидонаш баранд, чунки онҳоро сахт пазмон шудааст вадилаш барои падару модараш гум мезанад. Мироншоҳ ин ҳолати ҳамсарашро дида аз корҳои кардааш сахт пушаймон шуда буд, вале ҳарчанд занашро меҳрубонӣ мекарду мебӯсид, дили Малакро гарм карда наметавонист.

Элмира Мироншоҳро аз хона баровардани шуд, аммо чун Мироншоҳ аз таҳти дил тавба карданашро гуфт, ӯро бо Малак танҳо гузошт.

ххххх

Баъди муддати мадид Мироншоҳ ва Малак соҳиби писар шуданд. Мироншоҳ дигар Малакро намезад ва мисли пештара ба ҳар симчӯби сари роҳ рашк намекард. Шавҳараш комилан одами дигар шуда буд ва ба Малак иҷзат медод, ки тез-тез ба хонаи волидонаш равад. Онҳо хушбахтона зиндагй мекарданд.

Абдуғаффор Шодиев

(Тарҷума аз ӯзбекӣ.

Муаллиф Мафтуна Абдуллаева)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД