Sebiston new 2024 october
Писармӯҳтоҷ (Қисми 11)
3271

 

- Апаҷон, ман бародари Афрӯзаро аз наздик намешиносам.

- Дар бораи вай аз Афрӯза фаҳмидаи-ку!

- Афрӯза мегуфт, ки бениҳоят бадрашк аст.

- Хайр, ҳеҷ гап нест. Мард бояд рашк дошта бшад.

- Ман дигар дар бораи вай ҳеҷ чиз намедонам.

- Ҳамроҳаш ягон бор сӯҳбат накардӣ?

- Кардам.

-Хӯш, чи хел гап зад. Тарафҳои мусбиву манфияшро фаҳмидӣ охир?

-Ҳамагӣ ду-се маротиба сӯҳбат кардем. Дар чанд сӯҳбати кӯтоҳ тарафҳои бадашро нишон намедиҳад-ку.

- Аз ин бармеояд, ки ҷавон ба ту маъқул шудааст.

- Апаҷон...

-Чӣ апаҷон?! Одам, агар ягон нафарро маъқул кунад ва шахси ба худаш наздик ҳисобад, ҷиҳатҳои манфии хислаташ ба назараш наменамояд, ғайр аз ин пештар ба домодшавандаҳои дигар айб мемондӣ!

-Онҳо аз ҳамин деҳа буданд ва ман онҳоро мешинохтам,- гуфт Малак ва баъди сукути кӯтоҳ “модарам ҳа гӯянд, ман розӣ” гуфту ба қафояш нигоҳ накарда рафт.

Ба Султона ин қарори Малак маъқул афтод.

ххххх

Мироншоҳ ба хоҳараш Афрӯза таҳдид кард, ки агар Малакро розӣ накунонад, вай ҳам ба таҳсилаш дар донишгоҳ хотима мебахшад. Гапҳои Мироншоҳро Афрӯза ба дугонааш нақл карда зорикунон гуфт:

-Малак, агар ту ба акаам ба шавҳар набароӣ, вай маро сиҳат намегузорад.

- Э ҳоло акаат ҳамин қадар ваҳши-мӣ!

-Вай дар ишқи ту шайдову девона гашт. Чун дар бораи хулқу рафтори ту аз ман шунид, ду пояшро ба як мӯза андохта гуфт, ки ҳамин духтарро мегирам. Мегӯяд, ки агар розӣ нашавӣ, туро гирифта мегурезад.

-Ҳоло акаат муштзӯр ҳам ҳаст гӯй!-Духтарон ҳамин тавр сӯҳбаткунон аз донишгоҳ баромаданд, ки дар назди дарвозаи донишгоҳ бо Мироншоҳ рӯ ба рӯ шуданд.

-Салом Афрӯза. Малак, хуб ҳастӣ? - Малак ба замин нигариста дасти Афрӯзаро маҳкам дошта меистод.

- Рафтем, ба тарабхона меравем. Қаҳва нӯшида ба ҳамдигар аз наздик шинос мешавем, охир ту ба модарат гуфти-ку ман ӯро он қадар нағз намешиносам.

Афрӯза Малакро аз дасташ гирифта ба мошин савор кард. Онҳо ба тарабхона рафтанд.

Малак ҳамоно сарашро боло накарда менишаст. Ба хӯрокҳои рӯйи миз нимнигоҳе ҳам накард. Вай сахт шарм медошт...

Малак дилтанг шуда, рафтани буд, вале Мироншоҳ нагузошт. Афрӯза гӯё ба телефонаш занг зада бошанд, аз пеши онҳо хест.

-Малак, гӯш кун,чаро ту намегузорӣ, ки бо ҳам сӯҳбат карда, якдигарро аз наздик шиносем. Ман ба ту тарафҳои манфии хислатамро мегӯям, ҷиҳатҳои мусбаташро баъд оҳиста-оҳиста худат мефаҳмӣ. Ман шароб наменӯшам, сигор намекашам, духтарбоз ҳам нестам. Шукри Худо ҷойи кори нағз ва маоши хуб дорам.

- Ба фикрам инҳо ҷиҳатҳои мусбататон,-нимтабассум кард духтар.

-Майлаш, акнну ҷиҳатҳои манфии хислатамро мегӯям. Ростӣ, ман камтар бадрашк ҳастам. аз хати кашидаам набароӣ ва аз ман пурсида кор кунӣ, хуб зиндагӣ мекунем.

-Малак аз ҳаимн чанд ҷумлаи кӯтоҳи гуфааш дара асл чи хел инсон будани Мироншоҳро фаҳмид, вале ҷавон ба "меравам" – гуфтанҳои духтар нигоҳ накарда як соати дигар нагузошт, ки Малак ба хонаашн равад.

Баъди каме Султона ба Малак занг зад. Малак саросемавор аз ҷояш хеста пурсид:

- Афрӯза канӣ?

-Ба хона рафт.

-Охир сумкааш дар ҳамин ҷой-ку.

-Агар сумкаашро намегузошт, бовар намекардӣ!

Ба нею нестони Малак нигоҳ накарда Мироншоҳ духтаракро ба мошин савор кард. Вай раҳораҳ бо дӯстдоштааш сӯҳбат карда мерафт:

-Малак, худат ба ман кӯмак кун, ки волидонат ба издивоҷамон розигӣ дода, муро ба ман диҳанд. Модарам чанд бор ба хонаи шумо хостгрӣ рафта, дасти холӣ баргашт, агар ин дафъа ҳам не гӯянд, намедонам чӣ мешавад...

Миҳроншоҳ бо чашмони пур аз муҳаббат ва умедворӣ ба Малак менигарист.

-Чӣ агар боз...?

-Агар боз розигӣнадиҳӣ, то он замоне, ки туро ба даст наорам, пойи хостгоронам аз дарвозаи хонаатон канда намешавад. Илтимос, ба ман ёрӣ деҳ!

-Майлаш-бо овози маҳин гуфт Малак ва аз мошин пиёда шуд...

ххххх

Вақте ки Малак вориди хнаашон гашт, модараш аз омадани боз як хостгорӣ дигар хабар дод ва таъкид кард, ки агар ба Мироншоҳ дил надода бошад, ӯро ба ҳамин ҷавон фотиҳа мекунанд.

Суолтона таъкид кард, ки Малак то саҳар наӯзакак фикр карда, субҳ ҷавобашро гӯяд ва аз назди духтараш рафт...

Модар аллакай ҳис карда буд, ки духтараш ба Мироншоҳ дил додааст, вале мехост Малак боз як бри дигар ҳама чизр дар тарозуи ақл баркашида, баъд хулса барорад. Вақтҳои охир Султона аз фикри зиёди Малак ба дарди сахти сар гирифтор шуда буд ва Малак дар ин бемории мдараш то андозае худро гунаҳкор меҳисобид...

(Давом дорад)

Абдуғаффор Шодиев

(Тарҷума аз ӯзбекӣ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД