Arzon march 2024
Писари шайтон Қисми 2
1941

-Писари азизи ман, агар хохи  ки ман дар гурам тинч хобам, фаромуш  кун, ки ту додари экизак Хусайн дори.

Аммо гапи охирини модар имруз Хасанро сахт ба риккат оварду у  кайхо гуноххои кардаи додарашро аз хотир бароварда орзу мекард, ки уро ба хона баргардонад.

-Охир мо харду экизак бародаронем ку.-дилаш ба ёди Хусайн  гум зада нарм-нарм тапид.

Хасан баъди хатми Донишгох ба шахри Маскав сафар карда, он чо тичорати худро ривоч дод. Баъди сарватманд шудан ба ватан баргашта дар нохия мехмонхонаи шахсии «Гулбог»-ро ифтитох дод. Аз чизе камие надошт. Аз маркази нохия хавлии бохашаматеро харидори   карда модари пирашро кучонида ба наздаш овард. Барои модару фарзандонаш тамоми шароитхо мухайё буд. Барои табобат кардани хамсари дустдоштааш ба кучохое ки сафар накарданд, аммо дарди бедавои саратон уро айни гулшукуфти умраш хазон сохта шавхару  фарзандонашро гузошта рехлат намуд. Хасан баъди маъракањои чилу соли модарро гузаронидан ба кофтукоби Хусайн баромад. Ба тамоми  дустону наздиконаш занг зада хохиш кард, ки барои ёфтани Хусайн кумакаш намоянд. Хусайн дар муддати ин солхо ба дузди мохир табдил ёфта, гурухи  чинояткоронаи худро дар шањри Самара таъсис дода буд. Харгиз ба гушаи хотираш намеомад, ки дар Точикистон додару модару падар дорад. Ба ин гуррух кисме аз  чавонони миллатхои гуногун , ки асосан бекору тамбал буданд, шомил мешуданд. Хусайн рузхо ба хоби ширин фуру мерафту шаби дароз бо дуздбачахояш ба шикор мебаромад. Гоххо мухочирони узбекро таги шаттаву мушт гирифта мачбури пулхояшонро хангоми маошгириашон аз дасташон мегирифт.Харгиз ба гушаи хотираш намеомад, ки дар Точикистон додару модару падар дорад. Ба ин гуррух кисме аз  чавонони миллатхои гуногун , ки асосан бекору тамбал буданд, шомил мешуданд. Хусайн рузхо ба хоби ширин фуру мерафту шаби дароз бо дуздбачахояш ба шикор мебаромад. Гоххо мухочирони узбекро таги шаттаву мушт гирифта мачбури пулхояшонро хангоми маошгириашон аз дасташон мегирифт.Хусейн сайдашро назди бинои истокоматиашон интизори мекашиду пайти мувофик кофта хангоми домофонро зер кардани у давида аз пасаш ба дохили бино ворид мешуд. Агар фахмад, ки  ягон точикбача нав аз ватан ба мухочират омадааст, даррав уро ба хонаи худаш оварда либоси нав мехариду мегуфт, ки акнун шабхо бо ман кор карда пули калон меёби. Шумораи гуруххаш аз хисоби чавонони камсаводу бекор руз ба руз меафзуд. Хусайн тасодуфан бо духтари миллаташ чечен шинос шуд, ки падараш ба олами криминали хамрох буд. Падари Аслия баъди хостгори кардани Хусайн уро чун симои криминали шинохту барои домод шудани у даррав розиги  дод. Аз дилаш гузаронид, ки Хусайн-шайтан дар байни дуздхо нуфуз дораду  зуд ба воситаи у метавонад  Ашраф бештар дар олами криминали маъруф гардад. Туйи домодии Хусайн хеле бошукух гузашт. Аслия ба ин чавони точики абрупайванд аз нигохи аввал дил  баста, гумон мекард, ки Хусайн мисли симои зебояш инсони хуб аст. Хусайн нисбати Аслия мекушид, ки бадрафтори накунад. Аммо, хулки бад ба шир мебарояду ба чон меравад. Баъди як мохи туйи домоди у нагмахои номакбулашро огоз кард. Ба занаш руйи хуш намедод. Бе ягон бахона уро  таги шаттаву шалок мегирифт. Баъди як соли зиндагиашон Хусайн бо дузддухтари узбек Лола шинос шуду дигар ба хамсараш   тамоман ахамият намедодаги шуд. Аз маъшукаи нав ёфтани домодаш Ашраф хабардор шуда, боре маъшукаи уро ба воситаи мухофизонаш тарсонида тахдид кард, ки агар хамин даъфа бо Хусайн гап заданатро бинам, пустатро зинда ба зинда меканам. Маъшукааш хамаи ин суханони Ашрафро ба Хусайн расонид. Хусайн сари кахру газаб ба хонаи хусураш рафта аввал чангу чанчол бардошту сипас  вахшиёна ӯро дар пеши чашми хушдоманаш бо табар зада ба катл расонид.

Ду мухофизи  Ашраф бар зидди у бархестанд, аммо онхоро низ  аз тапончааш тир паронида  захмдор карда гурехт. Аз шахри Самара бо хамрохии маъшукааш гурехта ба шахри Маскав омад. Ба Лола гуфт, ки гурехта ба ватани у мераванд, то муддате аз чашми касосгирандахо дур бошанд.Чунки одамони наздики Ашраф уро рузхои наздиктарин ёфта мекушанд. Дилаш пур буд, ки дар ватан уро хеле хуб пазирои хоханд кард. Хасан аз ташрифи ногахонии Хусайн хушу хурсанд дам ба дам уро ба огуш гирифта мегуфт, ки «чи хушбахти, ки туро ёфтем». Лола ба ин бародарони экизаки чун як себи дукафон монанд нигариста дар дил накшахои ахримани мекашид. Шабона дар танхои ба Хусайн дар бораи накшахояш накл кард.

«Медони, Хусайн, ту хушбахт будаи, ки бародари ба худат монанд доштаи. Акнун ту чойи уро иваз куну уро бо таври хиллаву найранг ба чоят ба Русия бифрист»

-Чи тавр? Охир у намеравад.

-Меравад . Мегуйи ки ту точири мохир хастиву ман ба бемории бедавои саратон гирифтор шудаам ва уро фиристон. Бовар, кун дилаш сухта меравад.

-Майлаш , аммо каме баъдтар.

Онхо байни хамдигар хуб маслихат карда, ба як карори ахримани омаданд. Баъди як мохи мехмони Хусайн ба Хасан дар танхои худро гамгину бемор нишон дода, гуфт, ки «акачон, ман як дард дорам. Дар Русия ба бемории саратони меъда гирифтор шудам. Ман холо худамро барои табобат кардан омадаам, харчанд медонам, ки баъди муддати кутохе ман мемирам.

-Ин тавр нияти бад накун. Дунё ба умед асту шайтон ноумед. Шояд ташхиси кардани духтурон иштибох бошад.

-Кошки, иштибох мешуд, кошки. Аммо ман дар Русия як корамро нотамом монда омдаам.

-Барои ин чи кумакат кунам, додаракам?

-Ту ку бом ан экизаки ва фарки ману турок асе пайхас карда наметавонад. Аз ту як хохиш, ба чойи ман ба Русия бирав ва тичорати маро муддате ривоч дех.Майлаш?

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД