Arzon march 2024
Писари Мурод Саидов ба сокинони кишвар дасти кӯмак дароз кард
2048

Дар мулоқот бо сокинон таъкид гардидааст, ки бо мақсади пешгирии ин беморӣ ҳар як оиларо зарур аст, ки маводи безараргардониро дар шароити хона дошта бошанд ва ҳамарӯза аз он истифода намоянд.

Дилшод Саидзода, писари муҳофизи аввали президенти кишвар ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба 160 оилаи пойтахт ниқоб ва маводи антисептикӣ додааст, хабар медиҳад Ховар.

Жители города Душанбе в медицинских масках на улице
Ба иттилои манбаъ, номбурда дар доираи иқдоми “Барои зиндагии шостаи мардум” ба сокинони маҳаллаи Бадахшон 1 ва Нисормуҳаммади ноҳияи Шоҳмансур  ба  160 оила маводи антисептикӣ, аз  ҷумла 960 адад маводи антисептикӣ ва 2080 адад ниқобҳои муҳофизатӣ  тақсим   кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Дилшод Мурод ҳамчунин зимни вохӯриҳо оид ба пешгирии бемории сироятӣ, беҳдошти ҳолати санитарию гигиенӣ, риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар пойтахт бо сокинон суҳбат кардааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохуриҳо ҳамчунин зикр шудааст, ки сокинон бояд тавсияҳои табибонро ҳамаҷониба риоя намоянд ва ҳолати санитарию эпидемиологии хона, кӯча ва маҳалларо дар ҳамкорӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия безарар  гардонанд.

Дилшод Мурод 30 сол дошта дар интихоботи парлумонии имсола аз ҳавзаи интихоботии №4-и ноҳияи Шоҳмансур вакил интихоб шуд. Ӯ ҳамчунин сардори Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Тоҷикистон мебошад.

Мурод Саидов, аз муҳофизони аввали Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тайи 27 солшурӯъ аз соли 1992 ин вазифар ба уҳда дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД