Шоира ном дорам, нав ба 28 қадам мондаам. Соҳиби 4 писар ҳастам. Дар оила аз чизе танқисӣ намекашам. Шавҳар ва хусуру хушдоманам инсонҳои бениҳоят хубанд.
Ҳар гоҳ ҳомиладор шавам, хушдоманам бениҳоят хурсанд шуда, то замони тавлиди тифл иҷозат намедоданд, ки дастамро ба оби хунук занам. Азбаски келини ягона будам, маро бисёр эрка мекарданд. Пай дар пай 4 писар таваллуд кардам, вале дилам барои духтар гум мезад. Вақте бори 5-ум ҳомиладор шудам ба хушдоманам гуфтам, ки агар писар бошад, исқоти ҳамл мекунам. Хушдоманам маслиҳат доданд, ки агар исқоти ҳамл карданӣ бошам, то 3 моҳагӣ кунам, чунки баъди семоҳагӣ кӯдакро гирифта партофтан ба одамкушӣ баробар аст, вале ман бепарво мегаштам.
Вақте ки ҳамроҳи хоҳаршӯям барои ташхис ба духтур рафтем, гуфтанд, ки соҳиби як писари дигар мешавам ва айни ҳол дар ҳафтаи 19-уми ҳомиладорӣ қарор дорам. Кӯдак қариб 5 моҳа шуда буд, вале мани беандеша духтуронро маҷбур кардам, ки кӯдакро исқоти ҳамл кунанд, чунки як хона писар дорам.
Ҳаминтавр бо ризогӣ ва забонхати худам маро исқоти ҳамл намудан, вале аз ҳаомн рӯз инҷониб ҳеҷ ба худ намеоям. Аз ҷоям хеста наметавонам, ба қавле мурдаи берун аз гӯрам. Аз табибон домангир нестам, чунки худам онҳоро ба ин кор маҷбур кардам. Сахт пушаймонам, ки писарамро бо дасти худам куштам, вале дигар аз дастам ба ҷуз оби дида рехтан дигар коре намеояд. Медонам, ки бо ин ҳол ман барои шавҳарам ҳамчун зан хизмат карда наметонам. Шояд рӯзе шавад, ки шавҳарам дар болоям зан гирад. Барои кори кардаи худам забонам кӯтоҳ аст. Намедонам сарамро ба кадом дару девор занам. Маро оҳи тифли бегуноҳам гирифт. Аз неъмати додаи худованд ношукрӣ карда, ба ғазаби офаридгор гирифтор шудам. Ба занҳои тоҷик гуфтаниям, ки хатои маро такрор накунанд, зеро касе, ки ҷони тифли бегуноҳеро мегирад, ба ғазаби аллоҳ гирифтор мешавад.
Шоираи дардманд